САРСУХАН
Рисолаи мазкур ба тадкики осори адабии хаттй ва шифохии мардуми точик, ки ба имом Хусайн иртибот дорад, бахшида шудааст.. Тадкдк. ва. баррасии ин мавзуъ ахдмияти бузургеро рочеъ ба адабиётшиносй ва мардумшиносй молик аст, яъне тавассути ин рисола маълум мегардад, ки: мардуми точик нисбат ба саркардагони ислом, аз чумла хдзрати имом Хусайн эътикдцу эхтироми хоссае доштаанд. Faftp аз ин тавассути ин тадкикрт нуктаи назари мазх,абии мусулмонони то^ик маълум мегардад.
Вазифаи мухдккици рисола аз тахдики сарчашмах,ои хаттии марбути; имом Хусайн, ки дар шакли насру назм хеле фаровонанд, иборат мебошад. Гузашта аз ин адабиёти шифохии марбути ин мавзуъро, ich ба тарикд насру назм дойр ба имом Хусайн' фаровонанд, мавриди баррасй карор дода мешавад.
Абуабдуллох, Хусайн ибни Алй севумин пешвои имоми маъсум аз хонадони пайгамбари ислом буда, мисли падараш яке аз чехрах,ои шинохта ва маъруф дар таърихи ислом мах,суб мешавад. Имом Хусайн ибни Алй курбони кашмакашх,ои сиёсие, ки дар асри VI-VII мелодй дар байни к,абилах,ои араб вучуд дошт, гардидааст.
Вокеаи катли имом Хусайн дар Дашти Карбало аввалан ахди байт, хешону наздикон ва тарафдоронашро мотамзада кард, то чое ки онх,о дар суги сайидушшуаддо аз рузхри нахуст азодорй мекарданд ва таъзияхонй мекарданд. Охиста-охиста ин таъзияхоних.о ба маросимх,ои калони оммавй мубадцал мегаштанд. Гарчанде ки халифахри уммавй ба ин маросимх,о фишор меоварданд, бо вучуди он рузи катли имомро тарафдорони у кайд мекарданд ва азо мегирифтанд. Ва рузи катли имомро, ки ба дахуми мух,аррам рост меояд, аввалин бор ба таври расмй халифаи Аббосих,о Муиззуддин Ахмад ибни Буя дар соли 972-и мелодй дар Багдод ба чашни оммавй табдил дод ва дастур дод, то мардум дар ин руз даст аз кор бикашанд, либоси азо бипушанд ва ба таъзияи сайидушшухадо
4 бипардозанд.
Бояд кдйд кард, ки вокеаи катли имом Хусайн ибни Али дар хаёти эчодии шоирон, нависандагон, таърихнависон, сайёхон ва адабиётшиносон як фазой васеъи бахсро ба вучуд овард.
Ч|ашни «Ошуро» ва зиёрати кдбри имом Хусайн, ки хамасола дар байни дустдорон ва хаводоронаш сурат мегирифт, диккдти олимон, бостоншиносон, сайёхон ва умуман ахди зиёи Рарбро ба; худ чалб кард. Хднуз дар асри XVII сайёхрни хдландй Адам Олеарий ва Ян Стрейс дар рузномахои худ аз маросими азодории шиъихо дар мохи мухаррам кайдхо кардаанд(54,16).
Аммо дар асри XX олимони гарбй, аз чумла, И.Ласси, Т.Лаймем, А.Массе тадкдк,отхоеро дар бораи намоишхои таъзиявие, ки дар байни мусулмонон мешуд, ба вучуд оварданд. Олимони рус, аз чумла зану шавхар Ю.Н. ва СМ. Марр аз намоишхои драмавй ё фочиавие, ки оид ба имом Хусайн дар мохи мухаррам дар Исфахон ва Техрон дар солхои 1925-1926 мегузаштанд, дар асари худ хабар додаанд(54,20).
Дар осори олимони дигар, аз чумла В.В.Бартольд, А.Бертельс ва дигарон зимни вок,еаи Дашти Карбало маълумотхое ба даст овардан мумкин аст. Инчунин дар осори олимони точик Д.Обидов, М.Бакоев, Р.Рахмонй, Р.Рач;абй, А.А.Шамолов ва дигарон баъзе накду ривоятхоро оид ба имом Хусайн дучор метавон омад.
Азбаски мардуми мусалмон ва ба хусус мусулмонони форсизабон ба хонадони ахди пайгамбар, аз чумла ба Аливу Фотима ва фарзандонашон -Хасану Хусайн, ки мухаббати беандоза доштанду доранд, дар бораи мазлумияти онхо кдссахо ва ривоятхо эчод намудаанд.
Гарчи аз ин ходисаи мудхиш ва чонкох зиёда аз 1300 сол сипарй шудааст, то кунун тавассути киссахо, ривоятхо, шеъру таронахо, ки аскаран марсияхо мебошанд, садои нолаву афгони занону кудакон, сутурони сарафканда, чакочоки найзаву сипархо ва гурзу тегу камон ба гуш мерасад.
Бузургони гузашта бо эчоди силсилаи гуфторхо дар бораи ин пешвоёни
5
дин, наберах,ои пайгамбари ислом, чигаргушах,ои хдзрати Алй ибни Абитолиб, сахдаи набарди шахддони корзор, муя ва фазой хешу пайвандон кдссаеро дар лавх# синах,о накш намудаанд ва ин достони гамангезро дар еду хотири наслх,ои хдр асру замон боки гузоштаанд.
Азбаски мавзуи рисолаи мазкур «Симой имом Хусайн дар осори хаттй; ва шифохии мардуми точик» мебошад, натанхо аз сарчашмахои илмй, балки аз бузургтарин манбаи илму фархднг - эчодиёти шифохии мардум низ истифода шудааст.
Саволе ба миён меояд, ки чй боис шудааст, ки номи имом Хусайн ин кддар дар зехду бовари мардуми точик реша давонидааст? Аз нигох, ва фикри банда омилх,ои зерин боис гашта, ки имом Хусайн дар афкор ва зехди мардуми точик таъсир доштааст;
- Аввал ин ки муддати зиёда аз 1300 сол аст, ки мардуми точик муътакдци дини исломанд ва имом Хусайн набераи пайгамбари ислом ва фарзанди яке аз хулафои рошидин хазрати Алй (а) аст.
- Дуввум ин ки падари имом Хусайн, х,азрати Алй, яке аз шахсиятх,ои бузурги таърихии олами ислом мах,суб ёфта, бо вижагих,ои зерин шух,рат дорад:,
а) Аввалин касест, ки бо пайгамбар намоз хондааст.
б) Домод ва амакбаччаи пайгамбар аст.
в) Шучоътарин мард ва сипах,солори ислом аст, ки дар х,ама чангх,о аламдори паямбар буда, аксарияти голибиятх,о дар чангх,о бар зидди куффор бо неруи у ба даст омадааст.
г) Олимтарин шахси олами ислом ва сахию чавонмард аст, ки чавонмардон ва фатиён он хазратро пешвои фиркаи хеш медонанд...
- Сониян ин ки х,азрати Алй (а), имом Хдсан ва имом Хусайн (а) мазлумона ба шаходат расидаанд.
- Райр аз ин, Абумуслими Хуросонй тибки ривояти имом Ч,аъфари Содик, пайкари х,азрати Алиро аз Начаф ба Балх овардааст.
- Омадани фарзандони ахди байт ба Хуросон, ки дар бисере аз нукоти
6
ин сарзамин зиёратгоххри эшон мавчуд аст.
- Мардуми форсизабон ба ин боваранд, ки имом Хусайн домоди хуросониён ва шавхари духтари Яздигурди Севум - шохи Сосониён аст.
Ин омилх,о сабаб гаштааст, ки чомеъаи исломй хдзрати имом Хусайнро дар калбхои хеш чо бахшанд. Таърихнависон ва шоирон зимни вокеаи Дашти Карбало осори зиёде таълиф карданд. Мардуми оддй низ дар бораи имом Хусайн бисер наклу ривоятхо ва манзумахои шифохие эчод намудаанд, ки мо онхрро дар бобхои алохидаи корамон мавриди тахдил карор хохем дод.
Рисола, ки гайр аз сарсухан ва хотима аз чор боб иборат аст, аз мухимтарин чанбахои адёти имом ва вокеаи Дашти Карбало, нуфуз ва мартабаи рухонии у дар байни мардум ва силсилаи наклу ривоятхо ва кдгъах,ои шеърй, ки тавассути халк, офарида шудаанд, бахс мекунад.
Дар боби аввали рисола аз сарчашмахои илмие, ки дар бораи имом Хусайн аз онх^о маълумотхои фаровон бардошта шуд, сухан рондаем. Асархои боэътимоде чун «Таъриху-р-русул ва-л-мулую>-и Мухаммад ибни Ч^арири Табарй(71), «Равзату-с-сафо»-и Мирхонд(72), «Равзату-ш-шух,адо»-и Хусайн Воизи Кошифй(73) ва амсоли инхо мавриди таваччух, ва истифода к,арор доштанд. Дар ин боби рисола баъзе санадхои муътамадро, ки дар бораи имом Хусайн дар ин сарчашмахр мавчуданд, мисолхову намунахо овардаем.
Райр аз ин, мо дар ин боби рисола аз гуфторхри шифохие, ки иборат аз наклу ривоёт ва суруду таронахо дар васфи имом Хусайн мебошанд ва дар байни мардуми точик интишор ёфтаанд, намунахо оварда, ба тахдили мундаричаи гоявй ва бадеии онх,о пардохтаем. Манобеъи дигаре, ки дар бораи имом ХУсайн дар осори манзуми шоирони форсизабон дида мешаванд, мавриди тахкик. карор гирифтаанд.
Боби дувуми рисола аз рузгор ва чараёни зиндагии имом Хусайн накл мекунад. Мо дар ин боби рисола дар бораи рузгор, шахсият, рафтору кирдор ва хислатх,ои начиби имом ХУсаин маълумот ироа намудаем. Бо
7
истифода аз сарчашмахои таърихй мо дар ин боби рисола аз вазъи сиёсии хилофати араб ва сабаби ба Дашти Карбало равон гаштани имом Хусайн ва ёронаш таваккуф намудаем. Дар ин кисмат мо бо тафсил аз чараёни вокеоте, ки дар Дашти Карбало рух додаанд, ёдовар шуда, аз набарди хунин ва нобаробарие, ки байни сипохиёни сершумори уммавй бо теъдоди начандон зиёди имом Хусайн ва ёронаш сурат гирифтаанд маълумот додаем. Дар ин боб инчунин аз фочиаи дахщатовар, мазлумият, куштор ва беинсофие, ки сипохиёни уммавй нисбат ба имом Хусайн раво дидаанд, сухан меравад.
Боби севуми рисола, ки мавзуи аслии кор буда, «симои имом Хусайн дар осори хаттй ва- шифохди мардуми точик» ном дошта, боварх,ои мардумро дар ривоятх,о ва суруду таронахо, ки аз забони гуяндагони манотики гуногуни Точикистон ва Осиёи Марказй ба даст омадаанд, дар мукриса бо адабиёти хаттй мавриди тахлил карор додаем.
Тавре ки дар ин кисмат хохад омад, дар байни мардуми точик нисбат ба имом Хусайн ва вокеаи катли у фикру мулохизахои гуногун вучуд дошта, онхо дар жанрхои мухталифи фолклорй сурат гирифтаанд. Дар бахши аввали ин боб мо бештар накду ривоятхои чудогонаеро, ки дар байни сокинони мах,алх,ои гуногуни Точикистон дар бораи имом Хусайн мавчуданд, аз забони гуяндагони алохида сабту баррасй кар даем. Х^р як ровй фикру андешахои хешро нисбат ба имом Хусайн ва хонадони ахли байта у мувофики фахм, зехну идрок ва завки бадеии хеш баён мекунад.
Ривоятх,о хеле гуногун ва аз чихдти мундарича ва мазмуну тарзи баён аз хдмдигар фарк, мекунанд.
Андешаву гуфтор ва бовархои мардум ба ин пешвои маъсум гуногунчабха буда, чараёни зиндагии имомро дар туфулият, кудакй, чавонй ва ходисаи кдтли уро дар Дашти Карбало фаро мегирад.
Дар бахши дигари ин боб, ки намунахои бештаре доранд, хама аз забони ровиён буда, дар шакли шеърй сурат гирифтаанд. Мавзуъ ва мундаричаи ашъоре ки иборат аз жанрх,ои маснавй, газал, тарчеъбанду таркиббанд ва рубой мебошанд, аз нигохи мухтаво хеле гуногун мебошанд.
Агар гуянда ва ё ровие дар бораи шаходати имом Хусайн тароиаеро зам-зама кунад, дигаре аз оху нола ва фарёди модари синахарош, яъне Фотимаи Захро нисбат ба марги фарзандаш сурудеро нихоят хазин ва чонкох месарояд.
Дар ин бахши эчодиёти шифохй сухан аз он бовархои омиёна меравад, ки мардум дар бораи имом Хусайн эчод менамоянд чамъ оварда, кисме аз онхоро бо маълумоти сарчашмахои илмй мукриса намудаем.
Бештари асархои чдмъовардашуда, сурудхое мебошанд, ки дар васфи имом Хусайн эч;од гардидаанд. Сурудх,ои мотам, яъне марсиях,ое, ки чй дар адабиёти хатгй ва чй дар эчодиёти шифох,ии точикон эчод шудаанд, собикаи хеле дерина дорад. Ин бахши сурудх,о дар жанрхои мухталифи шеърй сурат гирифта, шикоят аз марг, замонаи номусоид ва ё фалак, хору зор ва нотавон мондани шахсе ё ин ки беадолатих,ои давру замонеро тасвир менамоянд.
Дар байни маводи рочеъ ба вокеаи ДаштиКарболо чамъ намудаи мо китъахои шеърие чой доранд, ки шахддати имом Хусайн ва шуру киёми Дашти Карбалоро инъикос намудаанд.
Масалан:
К^иёмат дар замини Карбало шуд, Ачаб зулме ба Дашти Карбало шуд. Чудо карданд сари поки Хусайнро, Фигону нола дар хдфт осмон шуд...(С.А.)
Хамин тавр, дар ин боб накду ривоятхои насрй ва китьахои назмии шифохли сокинони Точикистон, ки мо аз забони гуяндагони гуногун чамъ овардаем, мавриди тахдик к,арор гирифтаанд.
Боби чорум, ки боби охири ин рисола мебошад, дойр ба сохтори шеърй ва санъатхщ маънавии ашъори марбут ба имом Хусайн бахс карда, баъзе андешахои унвончуро дойр ба вазни шеърй, иоэтикаи суруду гаронахо ва наклу ривоятхои марбут ба имом Хусайнро дар бар гирафтааст.
9
Ин мавзуъ бори аввал дар фолклоршиносй ва адабиётшиносии точдк мавриди тахкик, карор гирифтааст. Ва мо хеч гох, даъвои онро надорем, ки тамоми накду ривоят, суруду тарона ва боварх,ои адабиёти китобатй ва эчдциёти шифохди то*щкро фаро гирифта бошем. Рисолаи мо имконият медихдц ва шароит фарохдм хохдд овард, ки пахдухри дигари ин мавзуъ дар оянда ба таври бояду шояд мавриди тахдик, карор бигирад.
К^исмати охири ин рисола аз хулоса ва китобнома иборат мебошад. Дар хулоса мо дар мавриди мак,оми имом Хусайн дар адабиёти хаттй ва шифохди мардум бо тарикд мухтасар ва чдмъбаст маълумот додаем. Дар китобнома, ки дар охир омадааст, номгуи он китобхое мебошанд, ки зимни тахдикд ин рисола аз онх,о истифода намудаем.
10
БОБИ I
МАЪЛУМОТИ САРЧАШМАХЩ ТАЪРИХЙ, АДАБЙ ВА ГУФТОРХ,ОИ ШИФОХЙ ДАР БОРАИ ИМОМ ХУСАЙН.
Абуабдуллох, Хусайн ибни Алй яке аз шахсиятхои намоёни таърихй буда, набераи пайгамбари ислом Мухдммад (с) ва фарзанди Алй ибни Абитолиб ва имоми сеюмини яке аз фирках,ои шиаи имомй-исноашария махсуб меёбад. У дар сарчашмахри таърихии ахди шиа хамчун муборизи рохи озодии хак, бар ботил тачассум ёфта, дар натичаи муковимати сиёсии чандон нобаробар хдмрохд 72 нафар ёрону хаммаслаконаш соли 680-и милодй дар Дашти Карбало шахид гаштааст.
Сарчашмахри таърихй ва адабй дар бораи шахсият, хаёт ва фаъолияти имом Хусайн то замони мо хеле зиёд буда, аз онхр маълумотхри фаровоне гирифтан мумкин аст. Рочеъ ба имом Хусайн, чараёни зиндагй ва макоми рухрнии у. илова. бар накду ривоёти манзум ва мансури шифохд, дар сарчашмах,ои илмиву адабй ва маъхазх,ои гуногун маълумоти фаровоне ба назар мерасанд.
Аввалин сарчашмае, ки дар ин хусус маълумот медихад, суханони бобои бузургашон х,азрати пайгамбар Мух,аммад (с) мебошад, ки дар мавриди наберагонаш чунин гуфтааст:
«Ал-Хдсану ва-л-Хусайну имомони комо ав к.аъадо»(64,19) - Х,асану Хусайн (алайхиссалом) имомонанд чи киём кунанд чи кууд.
Дар хддиси дигаре пайгамбари ислом фармудааст, ки фариштае ба фармони Илохй ба ман нозил шуд ва ба ман башорат дод, ки «..Дасану Хусайн сарвари чавонони бихиштианд ва Фотима бонуи бонувони бихиштй аст»(69Д2).
Хамчунин дар ч,ои дигар пайгамбари акрам Мухаммад (с) чунин мегуяд:
11
«Ал-Хдсану ва-л-Хусайну ибнатони. Ман ахабахумо ахдбани. Ва ман ахдбани ахабахуллох, адхалахулчанната. Ва ман абгазахумо абгазани. Ва ман абгазани-абгазахуллох,. Ва ман абгазахуллох-адхалахуннор». - Хдсану Хусайн писарони мананд. Касе онхоро дуст бидорад, дуст доштааст маро. Ва касе дуст дорад маро дуст медорад уро Худо ва дохил мешавад бихиштро. Ва касе душманй варзад ба ин ду, душманй варзад ба ман. Ва касе душман дорад маро, душман медорад уро Худованд. Ва касеро душман бинад Худованд, лоики оташи дузах аст»(70,4).
Сарчашмаи дигари таърихии боэътимоде, ки дар бораи имом Хусайн маълумотх,ои дакику равшан медихад, асари Мухаммад ибни Чдрири Табарй «Таърихи Табарй»(71,2921) мебошад. Муаллиф дар ин асари таърихии худ дар боби «Сухан аз рафтани Хусайн алайхиссалом суй Куфа ва хаводисе, ки дар аснои он буд» тамоми вокеаву хрдисах,оро бисер вокеъбинона ва реалй нишон дода, аз расидани мактубхр ё даъватх,ои мардуми Куфа ба имом Хусайн маслихдтхои хешу табор ва дустони имом аз монеъ шудани сафари у ба суй Куфа ва расидани лашкари Хусайн ба Дашти Карбало ва хдрби у бо мухолифон ва кушта шудани пайвандону чигарбандон ва худи у маълумотхри равшан ва возех, медихад. Муаллиф хдцисаву вокеахои рухдодаро бо далелх,ои муътамад собит карда, онхрро яктарафа нишон надода, балки айнан ва ба хакикат наздик нишон медихад. - Кдйд кардан Ь зарур аст, ки х,амаи он таълифоте, ки минбаъд мавриди имом Хусайн аз тарафи муаллифони гуногун ироа гардидаанд, аз ин асари пуркимат маншаъ гирифтаанд. Аз ин ру, манбаи аввалиндарача рочеъ ба рузгор ва пайкори х,азрати имом Хусайн «Таърихи Табарй» махсуб мешавад, ки аз руи ин манбаъ наклу ривоёт ва шеъру достонх.0 дар байни мардум ,эчод_гардида, каринах,о пайдо намуда, ба моли халк, табдил ёфтаанд. Рочеъ ба ин чихати масъала дар бобх,ои баъдй таваккуф хохем кард.
Сарчашмаи дигаре, ки онро мо мавриди истифода кдрор додем, китоби «Равзату-ш-шухадо»-и Мавлоно Хусайн Воизи Кошифй мебошад. Хусайн Воизи Кошифй дар боби 9-и китоби худ, ки «Дар расидани Хусайн (р) ба
12
Карбало ва мухориба намудан бо аъдо» ном дорад, киссаву ривоёти мансур ва манзуми хеле зиёдеро вобаста ба имом Хусайн аз айёми туфулият то хангоми ба дарачди шахрдат расидан гирд оварда, маълумот додааст. Мавлоно Хусайн Воизи Кошифй ба накд аз «Канзу-л-гароиб» чунин овардааст:
«... Дар «Канзу-л-гароиб» оварда, ки Чдбраили Амин панч, навбат ба Хабиби рабулоламин аз шаходати Хусайн хабар дода буд. Нахуст, дар рузи аввал, ки таваллуд шуда буд. Дуввум, дар чахормохагй ва чунон буд, ки аз Уму-л-Фазл бинти Хорис (р) ривоят кунад, ки фармуд, шабе дар хоб дидам, ки порае аз тани мубораки хдзрати Рисолат (с) буриданд ва дар канори ман нихдданд. Аз хоб даромадам тарсону харосон. Ва назди Сайиди олам (с) рафтам ва гуфтам: - Ё Расулуллох, хобе мухиб дидаам ва аз хавлу хароси он ором аз дили ман рафтааст. Ва сурати хобро такрор кардам. Он хазрат табассумкунон гуфт: - Ё Уму-л-Фазл неку хобе дидай. Фотимаи ман х,омила аст ба писаре ва он пасар пораест аз тани ман. Чун у таваллуд шавад, туро доя созам ва уро дар канори ту нихам. Баъд аз чанд руз Хусайн (р) таваллуд шуд. Уро ба Уму-л-Фазл супурданд ва ба разоъии он мушарраф шуд. Уму-л-Фазл гуяд: - Рузе Сарвари олам (с) ба хонаи ман даромад. Пас гуфт: - Биёр ч,игаргушаи маро. Ман Хусайнро бар канори Пайгамбар (с) нихдцам. Хусайн арокд (тар) кард ва катрае аз он бар ч.омаи он х,азрат чакид. Ва он хазрат руй бар халки вай мемолид ва буса бар руи вай мениход ва баъд аз замоне ман мехрубонона уро аз Расули Худо фаросутудам, чунон ки Хусайн бигрист. Расулуллох. фармуд: «Махдо, ё Уммалфазли, махдо» - Охиста бош, эй Уму-л-Фазл, ки ин катра бо об пок гардад ва ин ранч,, ки ба ч,игаргушаи ман расад, ба чи чиз? Бархез! Ва Чдбраил фуруд омад, ки «Эй Сайид, ту токати гиристани Хусайнро надорй, вакте ки халки ташнаи уро бо ханч,ари обдор бурида бошанд ва часади нозанини уро гаркай хун сохта, хол чун хохад буд? Пайгамбар (с) аз ин х,ол махзун шуд ва ба гоят андухгин гардид. Пас х,ар ки дар ин мусибат андухнок бошад, мукаррар аст, ки бо Расулуллох, мувофикат намуда ва аз ин ч.о гуфтаанд, ки арвохи анбиё ба чихати
13
мувофикдт бо он хазрат хама дар всжеаи Хусайн махзун ва магмум гаштаанд...
Ва ин хикояти Уму-л-Фазл дар китоби «Матолибу-н-нусул фй манокиби-р-Расул» аз Камолиддини Талха манкул аст»(73,152).
Нависанда бо овардани киссаву ривоятхои мухталиф бо истифода аз асархои хеле фаровон ва чрйгир кунонидани газалу рубой ва фардхои чудогонае, ки ба вок,еаи кдтли имом Хусайн бахшида шудаанд, таваччух, ва диккати хонандаро ба худ чалб мекунад:
«Гар номи ин замин ба якден Карбало бувад, Ин ч,о насиби мо х,ама карбу бало бувад.. Ин ч,о бувад, ки тег бар Оли Набй кашанд В-ин цо бувад, ки мотами Оли або бувад. Кори мухаддароти ман ин цо табах шавад, Пушти муборизони ман ин ч,о дуто бувад. Резанд дар мусибати ман оби чашми хеш,
мургу мохие, ки дар обу хаво бувад»(73,163).
К^айд кардан зарур аст, ки Хусайн Воизи Кошифй бо овардани далелх,ои муътамад аз сарчашмах,ои гуногун мисли китобхои «Канзу-л-гароиб», «Нуру-л-аимма» ва Fafipa ахдмияти ч,иддй додааст, ки ходисаву вок,еахои ба амаломадаро равшан ва домандору мукаммал нишон дих,ад, ки ин тарзи тасвир дар дигар асарх,о чун «Таърихи Табарй» ва «Равзату-с-сафо» ба назар намерасанд. Х,атто у хар як муборизеро, ки аз ду тараф ба майдони мухориба мебаромаданд ва бо хамдигар харб мекарданд, кайд карда, аз чараёни ходисахои ба амаломада хонандаро ошно месозад. Аз «Равзату-ш-шухадо"-и Мавлоно Хусайн Воизи Кошифй бисер наклу ривоёти мансур ва китъахои шеъриро дучор омадан мумкин аст, ки ин дар эчодиёти шифохии мардуми мо низ вомехурад. Мо дар бобхои оянда рочеъ ба онхо тавакдуф намуда, онхоро мавриди тахдил карор хохем дод.
14
Сарчашмаи дигаре, ки дар ихтиёри мост, китоби «Дуру-л-мач,олис"-и хазрати Сайф Зафари Бухорой(74,110) мебошад. Ин асар аз 32 боб иборат буда, боби 31-уми он «Дар мактали амирулмуъминин Хасан ва Хусайн разиаллоху анхумо ва малоими он» ном дорад. Накду ривоятхое, ки дар ин асар оварда шудаанд, бо далелхо собит ва равшан нагардида бошанд хам, лекин муаллифи он кушидааст, то андозае дар бораи масмум гардидани имом Хасан (бародари Хусайн) ва шаходати имом Хусайнро дар Дашти Карбало нишон дихад. Муаллиф бо овардани наклу ривоёти чудогона собит карданй мешавад, ки кдтли имом хукми азалй дошта, шаходати у назди Пайгамбар (с) маълум буд. У дар ин бора ин ривоятро далел меорад:
«... Алгараз овардаанд, ки рузе Пайгамбар (с) бо ёрон нишаста буданд, ки Муовия ба хидмати Расул (с) омад. Он гох, Расулуллох, (с) фармуд: «Эй Муовия, аз пушти ту фарзанде таваллуд мешавад, ки кушандаи Амирулмуъминин Хусайн бошад». Муовия гуфт: - «Эй пайгамбари Худо, ман дар ч;ах,он писар надорам ва баъд аз ин савганд мехурам,.ки наздикии х,еч аврат наравам, то маро фарзанд нашавад». Баъд аз чанд сол шабе аз шабх,о Муовия дар хоб буд. Уро хочдт шуд, то бавл кунад. Баъд аз бавл кардан истинчо ба девор мекард. Дар он девор каждуме буд филх,ол сари олати уро газид. Хам дар он дард Муовия карор надошт, то бар хукамо гуфтанд. Хукамо бар Муовия фармуданд, ки наздикй ба аврат кунад, то ки захр аз олаташ рехта гардад. Муовия хеч навъ кабул намекард, ки пеши Пайгамбар ахд кардаам, ки гирди хеч аврат нагардам». Гуфтанд: - «Як аврати золи фартут биёрем, ки дар дахрни вай хеч дандон набошад ва аз вай фарзанд нашавад. Алкдсса, як аврати фартут оварданд. Муовия наздикй кард. Ба фармони Худой Таъоло хам дар он соат Язиди бадбахт дар шиками модар карор гирифт, то бидонй, ки одами хукми Худованди Таъолоро мубаддал натавонанд кард»(74,110-111).
Ин ривоят дар байни мардуми мо мунташир аст, ки мо дар бобх,ои оянда ба тафсили он хо\ем баргашт. Накду ривоятхри дигареро ки муаллиф меорад, онхрро дар «Равзату-ш-шухадо»-и Мавлоно Хусайн Воизи Кошифй
15
дучор омадан мумкин аст, ки Сайф Зафари Бухорой бо дигар кардани баъзе чумалот онх,оро овардааст.
Бояд тазаккур дод,.ки сарчашмахои таърихй дар бораи имом Хусайн хеле зиёданд, ки дар онхо хдр як муаллиф фикрашро зимни ин вокеа ба таври худ баррасй кардааст.
Сарчашмаи дигаре, ки мо онро мавриди истифода карор додем, «Иршоду-т-толибин»(66) мебошад. Яке аз бобхои ин китоб «Дар баёни киссаи Язид» (ниг. Иршоду-т-толибин, с. 251) ном дорад, ки дар он сабабх,ои кушта шудани имом Хусайн вокеъбинона ва бидуни ягон тахаюлоти бадей оварда шудаанд. Чуноне ки маълум аст дар сарчашмах,ои таърихй ва адабй фикру андешах,о дар байни нависандагони мусулмони гуногунмазхаб дар бораи вокеъаи кдтли имом Х,усайн хеле мухталифанд. Вале дар ин китоб вокеахои баамаломада бисер дакик. ва ба хакикат наздик нишон дода шудаанд. Муаллиф масаълаи ба Язид лаънат хонданро сахзи муаллифон номидааст:
«...Лаънат рондан ба Язид раво аст ё на? Ч,авоб - на... Зеро ки у аз ахли кибла будааст ва ба сабаби силох, кашидан бар авлоди Расулуллох, оси шуд, на кофар ва хдр ки бар у лаънат гуяд, ба кавли Имоми Аъзам (р) он кас рофизй гардад»(6,252).
Дар ин ч,о кайд кардан зарур аст, ки ин масъала ихтилофй буда, он дар сарчашмаи дигаре, ки «Рах,намуди суннат дар радди ахли бидъат»(79,222) ном дорад, равшантар баррасй ёфтааст. Нависандаи ин асар аз ахли суннат буда, бо далслхои раднопазир собит карданй мешавад, ки бадтарин амал ин эчдди фитыа дар байни мусулмонон аст. У дар масаълаи хуручи имом Хусайн ба суй Куфа ва муносибати ахли илмро бо Язид чунин арзёбй мекунад:
«...Баъд равшан шуд, ки назари онон (ашхосе мисли Ибни Аббос, Абдуллох, ибни Умар ва дигархо, ки аз хуручи имом ба суй Куфа дар хдрос буданд ва ба у насихат карда буданд, ки то тавонад ба куфиён бовар иакунад ва наравад (ииг. «Ми11х,очу-с-су1ша» сах,. 222) сахех, буда ва дар
16
хуруч маслихдте барои дин ва дунё набуда, балки як идда ситамгари тогй бар сабти Расули Худо (с) галаба кардаанд ва дар хуручи у фасоде эчод шуд, ки агар дар шахри худаш менишаст, он фасод вокеъ намешуд, касди он имом ки тахсили хайру дафъи шар бошад хрсил нагардид...». Аммо дар мавриди Язид чунин мегуяд:
«...Ва ба тахкик, дар «Сахехи Бухорй» хадиси собите омада аз Абдуллох, ибни Умар аз Пайгамбар (с) ки фармуд: «Аввалин лашкаре ки ба Кустантания чихрд кунад, мавриди магфираст аст, пас аввалин лашкаре, ки бо Кустантания чанг кард, .хднгоме буд,лси Муовия лашкар фиристод ва раиси ононро Язид карор дод ва миени онон аз бузургони сахобаи Расули Худо (с) Абуаюби Ансорй буданд, ки онро мухосира карданд...»(79,223).
Гуфтан чоиз аст, ки вокеаи кдтли имом Дусайн зуд ба гирду атрофи олам пахн гардида, фитнае дар байни мусулмонон эч,од кардааст ва хдтго афроде низ дар миёни мардуми мо пайдо мешаванд, ки дар фавти имом Хусайн Язидро гунахкор хисобида уро бо номх,ои «Язиди лаъин», «Язиди бехаё» ва «Язиди бадбахт» ном мебаранд, ки дар бобхои оянда тахлили амикгар хох,ем кард.
Маълумоти мухтасаре, ки дар бораи имом Хусайн, чараёни зиндагй, фарзандон, хешу акрабо ва рафтору одатхои у бахс мекунад, китоби донишманди номй Сайид Мухсин ибни Абдулкарим ибни Мухдммад ал-Хусайнй «Имом Хдсан ва Имом Хусайн» мебошад. Бартарии ин китоб дар он аст, ки муаллиф бо далелх,ои кдтъй ва равшан дар бораи хаёти шахсй ва хонаводагии имом Хусайн маълумот дода,. инчунин аз хрдисахои ба вукуъомада ва шах,одати шухддои Дашти Карбало бо истифода аз сарчашмахри таърихй маълумотх,ои гуногун меорад. Аллома Сайид Мух,син Амин валодати имом Хусайнро чунин арзёбй кардааст:
«...Дар севуми шаъбон аз модар зода шуд, ки бархе онро панчум зикр кардаанд, соли таваллуди имом (а)-ро севум ё чахоруми хичрат накл намудаанд...»(64,105).
У дар мавриди шах,одати имом Хусейн чунин мегуяд:
17
«...Имом Хусайн (а) дар сарзамини Карбало ба хангоми баъд аз зухр рузи дахуми мухаррами соли 61-й хичрат, мазлумона ба шаходат расид, дар холе ки ташналаб дар баробари масоиби Илохй шикебой менамуд, душманони Худо ур° мухосира карда ва рохро бар у баста буданд...»(64,105).
Аммо муаллифи мазкур дар бораи умри имом Хусайн чунин менигорад:
«...Умри шарифи имоми севум дар мавкеи шаходат, панчоху шаш сол ва панч моху хафт руз буд...»(64Д07).
Аллома Сайид Мухсин Амин дар бораи алкрби имом, фарзандон, бахшишу мехрубонии у ба мустамандон маълумоти хеле зиёд додааст. Дар ин китоб ривоятхоеро дар бораи имом Хусайн дучор меоем, ки дар эчодиёти шифохии мардум мавчуданд. Мо рочеъ ба онхо дар бобхои оянда тававдсуф хохем кард.
Сарчашмаи дигаре, ки дастраси мост, китоби «Алй ва фарзандонаш»(75) мебошад, ки нависандаи он донишманди мисрй Тохо Хусайн аст. Тохо Хусайн аз зумраи олимони суннимазхаб буда, ахамияти мухимми асари у дар он аст, ки вокеахое, ки марбути Алй ва фарзандонаш имом Дасан ва имом Xyca«H мебошанд, бисер вокеъбинона ва бидуни ягон муболигаву таассуби динихолисона баён намудааст. У дар мавриди хулку атвори имом Хусайн чунин мегуяд:
«...Ин ду бародар, Хасану Хусайн, аз хайси ахлоку мизоч ва рафтор бо хам ихтилоф доштанд. Х^сан мулоиму зариф ва бо назокат буд ва ин сифат чангу хунрезиро назди у манфур сохта буд ва сулхро бар чанг тарчех медод. Аммо Хусайн монанди падараш Алй, дар рохи хак, шадиду сахтгир буд ва аз мусомаха дар коре, ки набояд дар он мусомаха бишавад, хушаш намеомад ва аз сулхи бародараш Хасан бо Муовия норохат буд ва забон ба эътироз кушод, вале Хасан уро тахдид кард, ки то анчом ёфтани сулх уро ба занчир хохад кашид!...»(75,219).
«...Хусайн бар хилофи Хасан зани зиёд намегирифт ва аз зиндагии |