МУВДЩЩМА
Ом^зиши таърихи забони адабии точик, ки маводи он осори адибони классик чун Рудакй, Фирдавсй, Сино, Хайём, Саъдй, Низомй, Дофиз, ^омй, Бедил ва дигарон мебошад, ахамияти калон дорад. Бе таджик, намудани забону услуб, махсусан чихати лугавию маъной, комилан дуруст омухтани эчодиёти хеч як адиб муяссар намегардад. Хосатан муайян намудани дарачаи истифода ва мазмуну маънохои калимахо дар давру замонхои гуногун манзараи таркиби лугавии забони хамон давраро инъикос мекунад.
Лексикология хамчун илми забоншиносй ба омузиши маъной калима бахшида шудаааст. ^ангоми тахлил аввал маънии калима, баъд дигар тарафхои он баррасй мешавад. Тамоми илмхои замон, аз к;абили кимиёву тиб, нучуму ^андаса ва табииёту фалсафа, аз калимахои маънодори марбути хамон со^а иборат аст, ки маъной лугавии ин калимахоро надониста, дар бораи ин илм маълумоте хрсил кардан нашояд.
Яке аз пахлухои мухими илми лексикология лексикаи касбиву сохавй ба шумор меравад, ки пайваста дар инкишофу тагйирёбист ва бо дигар шудани чамъият бо мурури замон кухна мешавад ва дар шакли нав зухур меёбад.
Лугати сарулибос чун лексикаи сохавй як чихати з^ануз тадк,ик,нашудаи забони точикй ба шумор меравад. Дар муддати чандин садсола^о таркиби лугавии забон вожахои ифодакунандаи маф^умхои сарулибосро аз дохили худ вогузошта, чандин истилохоти тоза ворид сохтааст. Азбаски лексикаи мазкур дар асоси маводи «Шохнома»-и Фирдавсй тадкик, мешавад, дар ин чо чанд сухан дар бораи ин шохасар гуфтан аз ахамият холй нест.
Забони адабии точик аслан дар асри X «баъди шакли хаттй-китобй гирифтан» ба як колаби муайян даромад (154,5), ки ин колаб бо ташаккулу тахдввулот то имруз риоя шуда меояд. «Шохнома», ки яке аз намуна^ои бехтарини назми асри X ва яке аз бузургтарин ^амосахои ча^онист, барои аз нуктаи назари забоншиносй, адабиётшиносй, таърихй ва этнографй омухтан маводи гаронбах,о махсуб мешавад.
«Шохнома»-и Фирдавсй аз чих^ати арзиши бадеии худ, - менависад Б. Рафуров, - дар радифи барчастатарин асарх^ои хдмосии адабиёти чах,он карор гирифтааст(38,517). «Мехнати якумраи у - «Шохнома», - гуфта буд С.Брагинский(25,276). Дар хдкикат, аз тарафи як шахе ба ин микдор ва ба ин мазмуну мундарича офаридани чунин хамоса нишони камолоти аклй ва физиологии тафаккури инсонист. Дар сурате, ки адиби немис Ф. Волф(соли 1934) лугати «Шохнома»-ро дар муддати 20 сол тартиб додааст( 128,9) ва мусташрики франсавй Ж.Моль «Шох,нома»-и тайёрро ба забони франсузй дар муддати 40 сол ба наср баргардондааст, «ки ахли адабу фазли Фаронса... онро к.ах,рамонй донистанд"(90,128), кахрамонии Фирдавсй бемисл аст. Аз ин чост, ки И. С. Брагинский гуфта буд: «Шо^нома»-и Фирдавсй, хдтто на ба^р, ин комилан укёнус аст"(24,24). Он номаи шохрн бошад з^ам, шох,и нома^о низ фахмида мешавад.
Перомуни аз^амияти забонии «Шохнома» сухани аввал ва охирро худи Фирдавсй гуфтааст: «Ачам зинда кардам бад-ин порей».
«Шохнома» аз чихдти дарбаргирии лугат он кдцар ганй аст, ки назираш дар ягон асари дигар нест. }? Рауфов зимни тахлили «Фархднги ^ахонгирй» микдори абёти аз Фирдавсй истифоданамудаи фар^ангро 765 байт гуфтааст, ки аз 360 шоири номбаршуда аз х^ч як шоири дигар ба ин микдор истифода нашудааст(100,139). Ин рак;ам^о нишонаи бойгарии лугавй, сермаъноии калимаз^о ва истифодаи бомавкеи вожаз^о дар асар ба шумор мераванд.
Устод С. Айнй суханони мунакдеиди асри XIX Зиёпошои Усмониро аз турки тарчума карда меорад: «Фирдавсй барои ба вучуд овардани «Шохнома» 30 сол ранч кашид. Дар хакикат як асари номурданй ба вучуд овард. Тулуи офтобро дар 120 чой 120 ранг тасвир кард, ки яке бар дигаре монах^д нест... »(6,103).
Аз ин нуктаи назар, омузиши забони «Шохнома», ки ифодакунандаи забони адабии точик аст, зарур мебошад. ^ануз соли 1961 устод М. Турсунзода навишта буд: «Дар филологияи точик диссертатсияе, ки кувва ва зебоии забони ягон классикро тахлил карда медода бошад, мавчуд нест. Ва хол он ки тахлил кардани масалан забони Фирдавсй, Саъдй, 3?°ФИЗ» Умари Хайём кори бисер мухим мебуд ва ба адабиёти мо, ба нависандагони чавони мо фоидаи калоне мерасонд» (Замони мо ва вазифахои адабиёти советии точик//Маориф ва маданият.-1961.-3 июн).
* Барои омузиши пурраи забони «Шохнома» як ё ду рисолаи тадк,ик.отй нокифоя аст. Аз ин сабаб ба мавзуъ^ои чудогона, яъне ба со^а^о ^до карда тадцщ намудани ин шо^асар ба мак.сад мувофиктар аст.
Мавзуи «Лексикаи сарулибос дар «Шо^нома» то ^ол аз тарафи касе тадкиц нашудааст. Ин мавзуь ни^оят васеъ буда, тадкики он дар асоси «Шо^нома» барин асари тавсифй а^амияти калон пайдо мекунад. Зеро шоире Фирдавсиро пайгамбари авсоф номидааст: Дар назм се тан паямбаронанд, ^арчанд ки «ло набия баъди». Авсофу цасидаву газалро Фирдавсиву Анвариву Саъдй.
Хангоми нишон додани ч&лолу шуку^и шахсе васфи сарулибоси у мав^еи аввалро ишгол мекунад. Пас сарулибос моли авсоф аст, ки Фирдавсй паямбари он номида шудааст.
Мавзуи сарулибос аз тарафи бисер мухакдикрни сох.аи забоншиносй ва этнография мавриди таджик, карор гирифтааст. Пахлу^ои гуногуни лугати «Шох.нома» аз тарафи мух.аккикони хоричиву ватанй баррасй шудаанд.
Нахуст мех,нати сангину ток.атшикани мусташрики немис Фритс Волфро кайд намудан ба маврид аст. У бо номи «Лугати "Шох,нома»-и Фирдавсй" дар хачми 884 сахифа лугати «Шо^нома»-ро тартиб дод, ки тамоми калимах,ои «Шохдюма» аз руй чилд ва сах,ифа нишон дода шудаанд. Ф. Волф, ки донандаи хуби забони порей буд, хднгоми тарчума нишон додааст, ки Фирдавсй як калимаро дар чанд шакл истифода бурдааст ва онро дар шакли ибора ё пайваст бо калимах,ои дигар ба забони порей оварда дигар онх,оро тарчума намекунад, факат са?;ифах,оро нишон медих.ад. Аз мутолиаи лугати Ф. Волф маълум мешавад, ки он бештар хусусияти тарчумавй дорад. Мух.ав;кик калимах,ои «Шох,нома»-ро бо як-ду калимаи немией баргардонда, онро тафсир накардааст. Дар аксар маврид бо тарчумаи тахдуллафзй кдноат намудааст. Масалан, калимаи точ бо як калима Кгопе( 159,229) шарх, ёфтааст, х,ол он ки точ. дар «Шохяома» тобишх,ои маъноии зиёд дорад. В калимаи кулахдор Krone tragend (дорандаи кулох,) тарчума шуда, тафсир наёфтааст( 159,662), ^ол он ки вобаста ба матн калимаи кулохдор метавонад ба маънии подшох^ мехтар ё пахлавон ояд.
И. Ализода дар мак;олааш «Сухане чанд оид ба лугати «Шох.нома»-и Фирдавсй" дар бораи хусну цуб^и лугати Волф истода, камбуди^ои ин асарро дар зиёда аз дусад маврид нишон додааст(8,53-65; 128,9). Ба фикри мо, чой доштани чунин камбудщо к.имати асари бузурги Ф.Волфро паст намекунанд.
Мусташрик,и дигари немис С. Нёлдеке зимни тахлили з^амоса^ои миллй «Шох,нома»-ро бузургтарин ^амосаи дунё номидааст(158). Муаллиф бештар ба чих,ати адабию бадеии асар дикдат додааст.
Шаркшиносони рус Е.Э.Бертелс ва И.С.Брагинский дар асархои худ дар бораи Фирдавсй ва «Шохнома»-и у тадкик.отхои пурарзиш намуда, баробари тащили адабиётшиносй ба баъзе ^ихатхои забонии асар низ дахл кардаанд(17; 18;24;25;26).
Макрлахои А.Н.Болдирев низ перомуни Фирдавсй ва шохасари у ахамияти мухими забоншиносиро молик буда, аз таърихи инкишофи забони адабии форс-то^ик бахс мекунанд(21;22;23).
Аз олимони гурчй Л.Н.Тушишвили дар мавзуи «Унсурхои луготи
0
арабй дар «Шохнома» ва Н.Сулакадзе дар мавз^и «Лексикаи Дакикй» рисолахои номзадй дифоъ намуда, луготи асри Х-ро мавриди таджик, к.арор додаанд(120;112).
Дойр ба лексикаи сохавй забоншиноси озари Б.Мамедова дар мавзуи «Номи либосхо дар забони озари» рисолаи номзадй х,имоя намуд(71), ки аз ^ихати илмй пояи устувор дорад.
Дойр ба Фирдавсй ва «Шохнома»-и у дар Эрон асару мак,олах,о них/эят зиёданд, ки овардани хамаи онхо аз имкон берун аст. Ик,рор бояд шуд, ки бештари он^о ба сохаи адабиётшиносй бахшида шуда, ба чихати забонии асар ишорахо мав^уд мебошанд(14).
Му^аммад Нудушан дар китоби худ «Сарви сояфикан» «Шохнома»-ро «Китоби китобхо, китоби зиндагию марг» номида, к.айд мекунад, ки «он зиндакунандаи А^ам ва забони форси» аст ва «аз ин ру хар замону хар сарзамин метавонад худро дар он боз ёбад»( 183,1).
Ризозода Шафак. низ хизмати шоистае карда, «Фарханги «Шохнома»-ро таълиф намуд, ки он мухтасар буда, дар он мисолхо аз «Шохнома» ва дигар шоирон оварда шудааст(168).
Дар лугати тартибдодаи Мухаммад Ризо Одил бо номи «Фарханги Чомеи номхои «Шохнома» топонимия ва антропонимияи «Шохнома» шарз^у тафсир ёфтааст(174). Ин фарханг ахамияти илмй-назариявй дорад.
як лугати дар Эрон ба табъ расида аз кабили «Фархднги Рашидй»(176), «Фарханги форсии Амид»(178), «Фарханги Онандроч»(172), «Фарханги пахлавй»(173), «Фарханги Нафисй»(179) ва г. аз ч.их.ати шарх.у маънидоди калима^о чолиб буда, ахамияти бузургро молик мебошанд.
Яке аз лугатхри нихрят бузург ва муътабар, ки хусусияти энсиклопедй дорад, «Лугатнома»-и Али Акбари Деххудо мебошад. Муаллиф микдори зиёди абёти «Шохнома»-ро дар лугат истифода бурдааст(181).
Бахшида ба х,азорсолагии «Шо^нома» (1994) мачмуаи муштараки маколахри олимони Эрону То^икистон бо номи «Шохнома»-и Фирдавсй падидаи бузурги фарх,ангй дар тамаддуни ^а^онй» бо забонхри порей, англией ва руей аз чоп баромад, ки дар он 122 мак.олаи олимони ду кишвар гирд овардашудаанд(170).
Пажухиши ХУсаин Шахиди Мозандаронй аз нув;таи назари ^угрофй таджик; намудани «Шохнома» а^амияти назариву амалиро со^иб аст(184).
Дар мацолахои Му^аммад Муин «Оини Орёиён пеш аз зух,ури Зартушт»(185) ва Эра^ Воми»;й «Чанд расми ку^ан дар «Шо^нома»-и Фирдавсй»(186) ба масъалаи маданияти к.адими Эрониён ва расму оини онх.о дивдат дода шудааст. Эрач^ Вомикй чй кадар к;адимй будани баъзе расму оин, махсусан либоспушии мардумро дар асоси «Шохнома» нишон дода, зинда будани баъзеи онхрро дар байни халкдои Эрон таъкид намудааст.
Юсуфи Кайвоншуку^й асари этнографх.ои Fap6 Браун ва Эшнейдерро бо номи «Пушоки аквоми мухталиф», ки аз сурат^ои зебову равшани бо санъати рассомй ороёфта ва зерматнхри кутох, иборат аст, ба форси гардонд. Дар асар беш аз 1450 тар^и либос дар 500 раем тасвир шудааст, ки аз даврах.ои кадим то охири асри XIX халкдои дунёро дар бар мегирад. Мусавварахри китоб хеле равшану барчаста руи саф^а омада, дар онх,о ба либос^ои кадими занону мардони халкдои Эрон, Ховари Наздик, Чин, Рум
ва f. диктата чиддй дода шудааст(161). Бояд гуфт, ки аёнияти ин асар дар тахияи рисола хизмат расонд.
Инчунин чанд асари таърихии дигар, ки дар Эрон р^и чопро дидаанд,
*
аз руи мазмуну му^таво ба маданият, фарханг ва оини халкло дивдат дода, сарчашмаи са^ех барои тадк.ик,и масоили гуногуни илмй мах.суб мешаванд(160;163;164;165;182).
Яке аз лугатхои нихоят мух,им, ки аз руи «Шохнома» тартиб дода шудааст, «Вожаномак»-и олими афгон Абдулхусайни Нушин ба шумор меравад. Лугат мухтасар буда, муаллиф к,арор додааст, интихобан, аз «Шохнома» танх,о вожахои душворро ба он дохил кунад ва аз к.айди калимахри оммафахм худдорй намояд(171).
Дар забоншиносии точик низ бахшида ба «Шохнома» ва лексикаи со^авй асару мак.ола^ои зиёд ба табъ расидаанд.
Устод С.Айнй дар мак.олааш «Дар бораи Фирдавсй ва «Шо^нома»-и у» асарро х.ам аз чихати адабию бадей ва хам аз чихати забонй тадкик, намуда гуфта буд: «Забонй «Шохнома» соддатарин ва софтарини забон^ои классикони Эрон аст»(6,43).
Яке аз корх.ои арзанда, ки солкой 50 анчрм пазируфта, соли 1992 руи чопро дидааст, «Фархднги мухтасари «Шо^нома»-и Иброх,им Ализода мебошад. Бояд гуфт, ки мукдадимаи фар^анг, ки ба к,алами ^.Рауфов ва З.Ахр^орй тааллук, дорад, а^амияти калон дорад. Дар он оид ба лугатхри зиёди ба «Шохнома» бахшидашуда маълумотхои му^им дода шудааст(128).
Кори пурарзише, ки ба мавзуи мо нисбатан наздик аст, рисолаи номзадии С. Анварй(С.Муллочаев) «Лексикаи х.арбй дар «Шохнома» мебошад(78). Мухакдик. рисолаи худро дар шакли китоби алохида бо номи «Вожатой низомй дар «Шохнома» аз чоп баровард(9).У яке аз бобхри рисоларо «Вожатой баёнгари василаи хифозати ^анговарон" номида , либосхри ч;ангй, аз к,абили карг(к), ^авшан, зирех,, хафтон, габр, диръ, кулох,,
10
худ, тарг(к), мигфар, бабри баён, чома ва г.-ро мавриди тадкик.у тахлил карор додааст. Муаллиф бо такрзои риояи мундаричаи рисола дойр ба тобишхои маъной ва ифодахои мачозии калимахо кам тавакдуф намуда, танхо, ба тахлили лексикаи размй пардохтааст. С. Анварй дар макрлахои дигари худ ба тарафхои гуногуни лексикаи харбй аз рохи тавсифй наздик шуда, вобаста
«г
ба вокеахои асар калимахои заруриро маънидод намудааст(77;79).
Асархои С.^алимов перомуни «Шохнома», забон, услуб ва хусусиятхои лексикию грамматикии он ахамияти бузургро моликанд (136; 137). Мухак.кик, аз нуктаи назари услуб тавсифхои зебои тулуи офтобро дар асар ба риштаи таджик. кашидааст(137). Як фасли калони дастури таълимии С.Халимов «Таърихи забони адабии то^ик» ба «Шо^нома»-и Фирдавсй бахшида шудааст. У дар ин фасл «Шохнома»-ро барои омухтани таърихи забони адабй сарчашмаи бебахо» (136,78) номида, сахми Фирдавсиро дар инкишофи забони адабии то^ик баланд нишон додааст.
Хамин тавр, дар бораи Фирдавсй ва «Шохнома»-и у, чи дар кишвари мо ва чи дар хоричи он, осори зиёде ба табъ расидаанд. Махсусан бахшида ба чашнхои хазораи Фирдавсй(1934) ва «Шохнома»( 1994-1996) асару мащпахо нихоят зиёд чоп шудаанд, ки дархури ахамиятанд.
Г. Набиева зимни тахлилу таджики девони шоири асри XV Мавлоно Низомиддин Махмуди Ь^ории Яздй мутахаллис ба Низоми Албиса, ки ашъораш аз тавсифй либосхо иборат аст, ба лексикаи он дикдати ^иддй додааст(86;87;88). Му^акдщ дар як мак.олааш к.айд мекунад, ки «Албиса либоа^оро хамчун кахрамонони асосии ашъораш ба калам додааст»(88,78). У дар ин чо истинод ба фарханг^о ва маводи девони Албиса бисер калимахри ба лексикаи сарулибос алок;амандро шар^у эзох меди^ад. "У оид ба ахдмияти девони Албиса сухан ронда менависад, ки махз тавассути ашъори Низоми Албиса номи бисер сарулибос то замони мо омада расидааст.
11
Г.Набиева дар макрлаи дигари худ оид ба таърихй х,унари бофандагиву дузандагй кайд мекунад, ки санъати бофандагй дар Бохтар дар асри II то мелод вучуд доштааст. У барои ин суханаш хдфриёти Р^абристони Ноин-Улаи Мугулистони Шимолй ва х,африёти к,алъаи Мугро далел меорад, ки аз асари Г.В.Чепелевецкая «Сюзане Узбекистана» дарёфтааст(87,40). Мухакдик, навъхои гуногуни матоъх.оро, ки «манбаъх.ои экстралингвистии тарактсиёти лексикаи сарулибос гардидаанд», номбар намуда, калимах,ои зиёди марбут ба ин лексикаро дар асоси девони Албиса шарх,у эзох^ додааст(87,41 -44).
Дар солхри охир бахшида ба лексикаи асарх,ои бадеию таърихй асарх,ои илмиву рисолах,о таълиф шудаанд. Мух,ак.кдн<;он дар баробари баррасии ^их,атх,ои гуногуни лексикаи ин асарх,о оид ба лексикаи касбй-сох^авй низ изгори назар намудаанд(45;63;65;106;156;).
Махсусан оид ба лексикаи касбй-сох,авй тадк.ик.отх.ои илмии пурарзиш руи чопро дидаанд. Р.Гараджаев(32), Е.Д.Глуховцева(34), Г.Жу5»акунова(45), Э.И.Зеленина(51), М.Д.Истамова(55), Б.Р.Мамедова(71), Х.Мухаммадиева(80) ват. оид ба ин к,исмати лексика рисола^ои номзадй дифоъ намудаанд.
Н.О.Шаропов ва Т.1^,. ^ураев дар рисолаи худ «Лексикаи касбу х,унар--сарчашмаи терминологияи техникии точик» ба тадь;ик.и лексикаи мазкур пардохта, ба лексикаи сарулибос аз ро^и доираи истеъмолашон дар забон наздик шудаанд(148,52-53).
Барои дарки пурраи ^и^ози сарулибос, мавкеи асарз^ои таърихиву этнографй калон аст.Муаллифони «Таърихй Бухоро»(163), «Таърихй Байх^й»(164), «^абиб-ус-сияр»(165), «Форснома»(133), «Зайн-ул-ахбор»(169), «Осор-ул-бокия»(19), «То^икон»(38;39) ва f. зимни тасвири вокеа^ои таърихй ба расму оини мардум ва сару либоси он^о дикдати чиддй додаанд.
12
Масалан, муаллифи «Фарханги ^ахонгирй» барои шархи гарзан (точ) аз «Таърихи Табарй» ва «Таърихи Байхацй» санад меорад. Чунончи: «Ва дар «Таърихи Табарй» мастур аст, ки дар гарзан сад дона марворид буд ва хар як чанд байзаи гунч,ишк ва онро ба тозй кункул гуянд». Баъд дар хошия мисол аз «Таърихи Байхак.й» меорад: «Точ,е аз мурд бофта, бо гули сурй биёроста, бар cap ниход ва пой к^фт ва надимон ва гуломонаш пой к^фтанд бо гарзанхои бар cap, пас дигар руз ин хадис фош шуд»( 175,1129).
Бояд гуфт, ки мавзуи лексикаи сарулибос ба фанни мардумшиносй алокэ,;* зич дорад. Сарулибоси мардуми Осиёи Миёна нисбатан аз тарафи мардумшиносони рус М.С.Андреев(11;14), Н.Н.Ершов(44), З.А.Широкова(149), О.А.Сухарёва(113; 126) тадкик, ва баррасй шудаанд.
Олими мардумшинос Г.Майтдинова дар кдтори дигар либосхо махсус маводи сохтмонии кулохдоро низ шарху эзох додааст(68,87-88).
^ангоми ч,амъоварии маводи марбут ба мавзуъ пеш аз хама ба нусхахои гуногуни «Шохнома» муро^иат карда шуд. Нахуст чопи машхури Вуллерс, ки бисер лугатнигорон ва мухдкдщон дар асоси он кор кардаанд, аз назар гузаронида шуд. Ин нусхаест, ки соли 1314(1936) дар Техрон чоп шудагст ва аз 5 китоб (10 ч.илд) иборат аст. Дар ч,илди охир мулхак,оти «Шохнома» ч,ой дода шудааст, ки се достони иловагй (Саргузашти ^амшед, Саргузашти Рустам бо KJtch Кухзод, Саргузашти Барзу писари Сухроб)-ро дар бар мегирад(187).
Як нусхаи нихоят кухнаи дигар ба дасти мо афтод, ки солу ч.ои нашри онро муайян карда натавонистем. Лекин аз он ч,ихат, ки мулхакрт дошт ба чопи Вуллерс монанд буд.
Чопи нухч.иддаи Маскав, ки чопи пурра ва интик.одй махсуб мешуд(188) ва ду нусхаи душанбегй(189;190), ки солхои охир бо назардошти нусх^ои пешин, аз ч.умла, чопи интик,одии Маскав, аз чоп баромадаанд, низ аз назар гузаронида шуданд.
13
^амъоварии мавод аз руи нусхаи охир, ки солхои 1987-1991 чоп шудааст, анчом пазируфт. Чаро ки ин нусха аз руи нусхахои Маскав, ки солхои 1960-1971 ва Душанбе, ки солхои 1964-1966 чоп шудаанд, тартиб дода, тасхеху иловахо зам шудааст ва чандин нусхахои дигар бо он мукриса шудааст(190).
Перомуни маводи чамъоварда хаминро гуфтанием, ки аз тамоми «Шохнома» зиёда аз 12 хазор мисол чамъоварй шуд, ки аз ин микдор 3 ^азор мисол ба кулоххо, 1 хазор либоси бадан, 1 хазор ба матоъу чомаворй ва 2 хазор ба калимахои марбути сарулибос дахл дорад, 5 ^азор мисоли бокимонда ба лексикаи зебу зинат ва ороишй, ки чизи иловагй ба сару либос хисоб. мешаванд, алокаманд аст.
Чунон ки мебинем, мавз^и «Лексикаи сарулибос дар Шохнома» нихоят васеъ мебошад. «Шохнома», ки худ як асари тавсифй аст ва шоир як калимаро бо чандин муродиф ва бо максадхои услубй истифода мекунад, танхо номбар намуда гузаштани истилохот ба рухи асари бадей мувофик. намеояд. Аммо вакте калима маводи «Шохнома» аст ва сухан дар бораи 3-4 хазор байти "Шохнома" меравад, бояд мак.сади шоир аз он вобаста ба мазмуну сюжети асар баён карда шавад.
Масалан, шоир як калимаи чомаро дар 9 маъно истифода бурдааст(5), ки херили ин маънихо аз ру овардан ба жарфои мазомину мундаричоти асар cap задааст. Ё ки тавсифй баромадани офтоб, ки дар 120 ч,о 120 ранг аст(137).
Домони мавзуи сарулибос васеъ асту имконияти рисола махдуд, бад-ин вачд мо к.арор додем, ки тащщоти хешро дар асоси тан^о як кисми лексикаи сарулибос - кулоххо анчом дихем.
Фирдавсй барои ифодаи кулоххо ё каллапушхо 12 муродифро истифода бурдааст, ки аз руи микдори истифода ба тарики зайл аст: тоц -1435 маротиба, кулох - 583, афсар - 319, тарг - 155, дайхим - 122, худ - 88, мигфар - 41, дастор - 8, шора - 4, сарбанд - 3, гарзан - 1, кулаххуд - 1.
14
як истилох вобаста ба матн гайр аз маънии асосй бо тобишхои зиёди маъной омада, хусусиятхри гуногуни услубй зохир мекунад. Вале дар ягон лугат ё асаре оид ба ин тобишхои маъной ва хусусиятхои услубй, махсусан, ифодаи рамзиёт, маънохои мачозй ва гайра маълумоте дода нашудааст.
Дар асоси «Шохнома», ки ганчинаи сухани порсист, тадкик, намудани ин мавзуи чолиб дорой ахамияти назариявй ва амалист, зеро аз рохи тавсифй наздик шудан ба лексикаи мазкур ва тадк.ик,и хусусиятхои услубии онхо барои омузиши забон ва услубй «Шохнома»-и Фирдавсй як рохи хурде мекушояд.
Азбаски дар рисола нишон додани поваракдои бисер ва такрори бехудаи номи шахсону номи асар чри зиёдро ишгол мекунанд, мо бо рохи ихтисор рак,ам ва сахифаро дар кавсайн нишон додем. Руйхати адабиёт дар охир аз руи тартиби рак.ам ва алифбо омадааст. Разами асар аз разами сахифа бо вергул чудо карда мешавад. Масалан(171,33) мефахмонад, ки ик,тибос аз руйхати адабиёт тахти рак,ами 171 ва сахифаи 33 гирифта шудааст. Агар ик,тибос аз якчанд асар бошад, рак,амхо бо нуктавергул чудо карда мешавад. Масалан: (170; 180). ^лди китоб бошад, дар нохунак нишон дода мешавад. Чунончи: (181,«2»,21). Яъне иктибос аз адабиёти тахти разами 181 ^илди 2 сахифаи 21 аст. Мисолхо(шеърхо) аз "Шохнома", ки дар руйхати адабиёт тахти разами 190 омадааст, гирифта шудаанд. Дар к,авсайн ч,илд ъа сахифаи "Шохнома" бо нимтире чудо карда мешавад. Масалан, (9-423) мефахмонад, ки шеър аз чдщци 9-ум сахифаи 423 гирифта шудааст.
Рисола аз мукаддима, ду боб, хулоса, руйхати адабиёт ва замима иборат аст.
15
БОБИ I ТА^ЛИЛИ ЛЕКСИКЙ-СЕМАНТИКИИ КУЛСОДОИ АНЪАНАВЙ
«Шохнома»-и Фирдавсй чангнома ва номаи шохони Эронй мебошад ва тамоми вокеахои асар бо кулли чузъиёташ нишон дода мешавад, аз ин ру
if
тасвири сарулибоси цахрамонон барои вок.ей гардонидани асар ахамияти калон дорад. Махсусан лугати кулоххо, ки як чузъи сарулибос махсуб мешавад, барои инъикоси манзараи вок.еахо ва ифодаи холатхои рухии кдхрамонон мавкеи хоса доранд.
Сарулибос бо ду зарурат пайдо мешавад: зарурати табий ва зарурати чамъиятй. Аксари кулоххо, ки дар «Шохнома» мавриди истифода к,арор гирифтаанд, бо талаби чамъият пайдоиш доранд. Аз чумла шораву дастору сарбанд аз руи расму анъанахои миллй истифода мешуданд. Кулохдои размй — худ, тарп мигфар низ аз руи зарурати ^ангу мухориба, ки вок,еаи ^амъиятист, пайдо шудаанд. Ин истилохот маънои мушаххасро ифода карда байни худ муродифхои аввалиндара^аанд. Аз инхо танхо вожаи кулох ба маънии ^амаи каллапуш^о меояд.
1.1.Мафхуми сарулибос ва истифодаи он дар шохасар
Либос аз масдари арабии лабиса^,^ /J) ё пушидан( 16,74) гирифта шудааст. Аммо Руломалии Одил онро аз масдари араби^ч лабаса - норавшанй, нофахмой медонад: «Масдари либос, - кайд мекунад у, - дар арабй ба маънии ба иштибох афтодан ва чизеро ба чизи дигар хаммонанд пиндоштан... дар зехни аъроб ин маъниро мерасонад, ки василаест барои аз назар дур доштани шакли аслии бадан ва тагйири шакл
16
додани он»(93,33). Ин шарх^ аз маънии пушидан ё пушондани бадан чудо нест.
Калимаи cap дар калимаи мураккаби пайвасти сарулибос тобиши маъноии иловагй додааст. Дар мукоиса бо муродифхои чидаи сару мангал -афту башара ва сару савдо — фикру хаёл хаминро метавон гуфт, ки дар калимаи сарулибос cap бо либос пайваст туда, як ифодаи фразеологй сохтаанд, ки мисли калимаи мураккаби пайвасти сарупо маънии либосхое, ки кулига бадан аз cap то поро мепушонанд, ифода мекунад. Яъне дар ин чо аз кулох cap карда, то пойафзол дохил аст. Пас накши калимаи cap дар ин калимаи мураккаб пеш аз хдма дар он аст, ки вай маънии ибтидо, аввалро дорад. Чаро ки дар байни мардум либос гуфта, танхо як кисми пушокхо, он кисме, ки аз гардан поёнро мепушонад ва пойафзол дохил нест, фахмида мешавад. Аммо калимаи фразеологии сарулибос чамъи пушокхои тамоми баданро ифода мекунад.
Либос таърихи хеле кадима дорад. Бисер мухакк;ик,он онро махсули давраи чамъияти ибтидой донистаанд(88,78; 68,16; 152,18).
* Дар яке аз лугатхои муътабар «Энсиклопедияи советии то^ик» оварда шудааст: «Либос яке аз ихтирооти к,адимтарини инсон аст. Дар байни ёдгорихои палеолита даврахои охир тарошкордо^ои сангй ва сузанхои устухонй ёфт шудаанд, ки бо онхо пуст метарошиданд ва либос мед^хтанд. Баробари пуст барг, алаф, пустлохи дарахт низ хдмчун либос истифода мешуданд. Шикорчиён ва мох,игирон барои либос пусти мохй, р^даи ^айвоноти ба^рй, пару пусти парандагонро низ истифода мебурданд»( 152,18).
Дар «Шохнома» низ ба пайдоишу инкишоф ва ахамияти либос дик.К.ати чиддй дода шудааст. Шоир аз в;исмати мифологи (подшох.ии пешдодиён) cap карда, ба воситаи либоспушй инкишофи тафаккури чомеаи ибтидоиро нищон додааст. Шоир к,айд мекунад, ки аввал Каюмарс оини
17
подшЪхй овард, бо гурухи худ дар к^х чой сохт ва аз чарми паланг либос ба бар дошт:
Сари тахту бахташ баромад зи кух,,
Палангина пушид худ бо гурух(1-46).
Шоир сарвар шудани Каюмарсро бо ду афзалият, ки аз хамк,абилах.ои худ дошт, нишон додааст, Каюмарсро хам пушиш ва хам х^рданй ба тарзи нав буд:
Аз у андар омад хдме парвариш,
Ки пушиданй нав буду нав буд хуриш(1-46).
* Ин бартарии зохирй дар чомеаи аввалй аз мукаддасот хисоб мешуд, ки хатто фариштаи мададгор Сур^ш низ палангинапуш тасвир ёфтааст:
Якояк биёмад хучаста Суруш,
Ба сони парие палангинапушГ 1 -47).
Ин гуна пушок на ба ^ама даст медод, мардуми бок.имонда бо барги дарахтон тани худро мепушониданд:
^ама кори мардум набудй ба барг,
Ки пушиданишон х,ам буд барг(1-53).
Охиста-охиста чомеа тарами кардан гирифт ва дар замони ХУшанг одамон аз пусти х,айвонхри ноёбу в;имат либос мепушиданд:
Зи п^яндагон з^ар чй муяш накует,
Бикушту зи эшон баро^ехт пуст,
Чу санчобу кокум чу рубох гарм,
Ча^орум самур аст, к-аш муй нарм.
Бад ин гуна аз чарми пуяндагон,
Бипушид болои гуяндагон(1-55).
Дар давраи Тахмурас одамон аз пашми ^айвонот риштану бофтан ва аз он пушок тайёр намуданро омухтанд.
Пас аз пушти мешу бара пашму муй, |