КАТАЛОГ ДИССЕРТАЦИЙ     
   ГЛАВНАЯ   ОПЛАТА И ДОСТАВКА   КАТАЛОГ РАБОТ   НА ЗАКАЗ   ПОДТВЕРЖДЕНИЕ ОПЛАТЫ   ГАРАНТИИ ДОСТАВКИ   КОНТАКТЫ  
 

Каталог работ

Тема: Медицинские термины "Хидоят—ул—мутааллимин фи-т-тиб" Аквайни Букорой

Содержание
МУНДАРИЧА
Мукаддима...4-13
Боби 1. "Хдцоятулмутааллимин фит тиб "-и Ахвайнии
Бухорой маъхази истилох,оти илмии забони точ,икй...14-94
1.1 .Назарияи истилох, ва номвожа...15-26
1.2.Кдцимтарин осори илмии форсии тоники...26-51
1.3.Нащпи "Хдцоятулмутааллимин фит тиб"-и Ахвайнии
Бухорой дар ташаккули истилохоти илмии забони тоники...51 -66
1 АРохдои асосии истилохсозиву истилохнигорй дар
"Хдцоятулмутааллимин"...66-94
Боби 11.Истилох,оти форсиасли тиббии "Хддоятулмутааллимин"-и
Ахвайнии Бухорой...95-115
11.1.Истилох,оти анатомии асар...96-100
11.2.Истилохоти дорушиносии асар...100-107
11.3.Истилохрти ифодакунандаи номи амроз,холатхои
табий ва нотабиии андом...107-115
Боби111.Истилох.оти тиббии шсгибосии"Х,идоятулмуталлимин"...116-166
111.1. Назарияи и^тибос ва калка...117-123
111.2.Истилохрти тиббии арабии асар...123-137
111.3.Истилох,оти тиббии юнонии асар...138-154
111.4.Истилох,оти тиббии хиндии асар...154-166
Хулоса...167-171
Замима...172-197
Фехристи адабиёт...198-213
Введение
МУКАДДИМА
Балогати забони форсии точикй хамчун забони шеъру адаб зиёда аз сездах карн боз оламро тасхир кардаву тавонмандии он дар таълифоти осори илмй низ тайи хдзор сол кабл падид омадааст. Хдтто назари гузарое ба ин осор нишон медихдд, ки хднуз дар асрхои IX-X бо ин забон нигоришоти мукаммале дар илмхои таъриху фалсафа, риёзиву хандаса, нучуму чугрофиё ва тиб арзи вуч-уд кардааст.
Зимнан иброз бояд дошт, ки забони услуби илмй ва истилохоти илмй инъикоси вокеъияти тавонмандии забони миллй, сатхи рушду нумуи илм ва тафаккуру истиклоли миллат аст. Истилох дорой хусусиёти махсуси сохтмонй ва маъной буда, натичаи тафаккури муаллиф, ки як чузъи чомеа мебошад, дар он ифода мегардад. Илова бар ин, системаи истилохот дар рохи ошной ба донишхои нави умумибашарй ва таъмини таносуби мафхуму ном замина ба вучуд меорад.
Зикр кардан ба маврид аст, ки дар шароити феълй бо дигар шудани авзои сиёсии чомеа ва афзудани ниёзхои ичтимоиву фархангии мардум, зарурати таълифи китобхои дарсй ва пажухишхои илмй ба забони модарй, корбурди вожахои нав барои ифодаи мафохими тозаи илмй харчи бештар ахамият пайдо мекунад. Дар чунин маврид тахкику таъйин ва пажухиши амикд вежагихои вожаву истилохоти осори илмии гузаштагон аз як су, сабку нигориши ин осор, аз суйи дигар, хамчунин натичагириву корбурд аз он чавобгуйи ниёзхои ахли чомеа дар мархалаи кунунй хохад буд.
Мутаассифона, пахлухои таърихи ташаккул ва тахаввули услуби илмии забони форсй-точикй, истикрору шевахои истилохсозиву истилохгузинй дар ин забон то имруз ба таври густурдаву амик,,
мавриди пажухдши забоншиносони Точикистон кдрор нагирифтааст ва зарурати интихоби мавзуи тах,кик,оти мо низ аз пур кардани ин халой илмии мавчуда бармеояд.
Дар робита ба хдмин матлаб мо дар ин рисола истилох,оти тиббии "Хдцоятулмутааллимин фит тиб"-и Ахвайнии Бух,орой, ки дар рисола ба таври мухтасар "Хдцоят ул мутааллимин" номида мешавад, мавриди тахдик, кдрор додем.
Манбаи тахкик: "Хидоятулмутааллимин фит тиб"-и Ахвайнии Бухорой аз чумлаи нахустин осори илмии форсй-точикй буда,ба акидаи донишманди эронй Алии Кофй муаллифи ин асар аз кдбили аввалин муаллифоне буд, ки "ба кори вожагузинй ва муодилёбй барои калимоти арабй пардохта буданд" (242.255).
Бояд зикр кард, ки дар бораи асари мазкур ва муаллифи он ба чуз чанд ишорае дар "Чах,ор макола" (252) ва "Муъчази камй" (247) маълумоти дигаре дастрас нест ва ба таъкиди Чдлоли Матинй "ба чуз маъхази мазкур ("Хидоятулмутааллимин" -А.Ю.) дар китоби дигаре аз китоби "Хдцоят" зикр нашудааст" (212.11).
'"Хидоятулмутааллимин" асари тиббиест, ки бахшх,ои гуногуни тиб, аз чумла сохтмони бадан, таснифи фаслхои тиб, сабабу пайдоиш ва пешгириву муоличаи амроз, гиёхшифой ва гайраро фаро гирифта, бо равиши тоза таълиф шудааст ва муаллифони баъдй, мисли Х,аким Майсарй, Муваффаки Хиравй, ибни Синову Ч,узчонй онро идома додаанд.
Асари Ахвайнии Бухорой ба хдйси ёдгории забонй барои омузиш ва истикрору ташаккул, эх,ёву танзими услуби илмии точикии к,арнх,ои IX-X, ба хусус забонй нигоришоти тиббии ин давра, истилох,от ва равобити фархднгх,ои мавчудаи он замон маводи пурарзишу вофир медихдд, ба ибораи дигар, он хдмчун сарчашмаи фарохдмоии
истилохоти тиббии забони дари метавонад бахши истилохоти забони точикиро таквият бахшад.
Максад ва вазифахои тахкикот.Максад аз тахдики истилохоти тиббии Хидоят- ул мутааллимин" ташхису таъйини усулу шевахои умдаву маъмули истилохсозиву истилохгузинй дар давраи аввали ташаккули забони илмии точдкй аст, ки минбаъд барои тахкдки амику дакики забони илмии форсй-точикй, вежагихои ин забон дар баёни матолиби илмй, танзиму истикрори микролингвистикаи тиб замина фарохдм меоварад.
Зимни матолиби мазкур мо пеши худ вазифа гузоштем:
- осори илмии асрхои IX-X, ба вижа осори тиббии ин давраро мавриди тахлил кдрор бидихем;
- накдни "Х,идоятулмутааллимин"-ро дар фарохамоии истилохоти тиббй таъйин намоем;
- мавкеи истилохоти форсиасли тиббии асарро муайян кунем; мавкеи вожахои иктибосиро дар фарохамоии истилохоти
тиббй тахкик, кунем;
- бо таваччух ба вежагих,ои дастурии забони форсй-точ;икй ва истифода аз маводи назарии мавчудаи илмй мафхуми истилох ва махсусиятхои онро ташхис намоем;
- мафхуми иктибос, истилохоти иктибосй ва вежагих,ои онро ба риштаи тахклк кашем;
- бо истифода аз маводи мавчудаи асари мавриди тахкдк, баъзе вежагихои тарчумаи иктибосии истилохот(калка) ва анвои онро дар забони точикй муайян кунем;
- равишу шевахои асосии истилохсозии забони точикиро дар давраи аввали рушди он таъйин намоем;
- вежагих,ои сохтори ва маъноии истилохрти араби, юнони ва хиндии асарро мукдррар созем;
- маънои мушаххаси баъзе истилох,оти тиббиро тавзех, бидихем;
- тагйири маънй кардани баъзе истилох.оти асарро муайян созем;
- этимологияи баъзе истилох,отро мукдррар кунем;
- мавк,еи истилох,оти иктибосиро дар гановати таркиби лугавии забони осори илмй нишон бидихем;
- муодилхри асливу иктибосии баъзе истилохотро таъйин намоем ва г.
Барои ичрои ин вазифахр мо корх,ои зеринро сомон бахшидем:
- осори илмии асрх,ои IX-X-ро ба таври мухтасар тахдилу тах,кик кардем;
- истилох,оти форсиасли "Х,идоятулмутааллимин"-ро чамъоварй ва ба се гурух. дастабандй кардем;
истилохоти анатомй;
истилох,оти фармасевтй(дорусозй);
номи амроз.
- истилохрти иктибосй ва тарчумаи иктибосии "Х,идоятулмутааллимин"-ро гирдоварй, тасниф ва сохту этимологияи бархе аз онхоро таъйин намудем;
- маънии мушаххаси бархе аз истилох,оти асарро бо рохд киёс бо х,амгунаи арабй, юнонй ва хиндии он\о мукаррар кардем;
- басомади бархе аз истилох,оти мутадовили асарро зикр намудем;
- шевах,ои асосии истилох,созии асарро муайян кардем.
_ номгуйи муфассали истилохоти илмии "Хдцоятулмутааллимин" -ро замима кардем.
Равиши тахкик.Тахкики рисола дар асоси усулхои тавсифй, киёсй ва эхсоиявй, ки дар адабиёти назариявии забоншиносй,ба вежа дар лексикология ва истилохсозиву истилохнигории муосир баён шудааст, такя мекунад.
Равиши киёсиву таърихй ва эхсоиявй хангоми мукоисаи гунахои форсиву арабй ва юнониву хиндии асар мавриди истифода кдрор гирифтааст.
Аснои таъйину ташхиси мафхуми истилох ва бархе аз истилохоти алохидаи тиббй мо тахкикдги олимони забоншинос Д.С. Лотте(ПЗ), Т.Н. Канделаки(84), А.Д. Хаютин(189), В.В. Виноградов(44), Ж. Лазар(ЮЗ), О.Д. Митрофанова(122), Л.С. Пейсиков(148), А.А. Реформатский(160), В. А. Лившитс(ПО), Н.П. Кузмин(97), Л.П. Смирнова(Ш), М. Муйин(245), Ч, Матинй(212), Ц. Х,умой(217), М.Т. Бахор(216), П.Н. Хонларй(225), 3. Сафо()233, М. Шукуров(202),М.Н.К;осимова(102), Б.С.Сиёев(170), Д.Саймиддинов (168), Ш.Р. Рустамов (166), Т.Н. Хаскашев(188) ва дигаронро рахнамои кори худ кдрор додем.
Ахамияти илмй ва амалии тахкикот. Ахамияти тахк,ик,от,кдбл аз хама, дар таъйину ташхиси вежагихои забони осори илмии точикй, замина- хои фарохамоии истилохоти тиббй ва усулу шевахои мутадовили истилохнигории тиббии ин забои аз огози ташаккули он хулоса мегардад.
Натичаи тахлилу тахкики ин рисола дар халли масоили танзим ва эхёи микролингвистикаи тиббии забони форсии дарии
Афгонистон,форсии Эрон ва точикии Точикистон ба гунаи неку мусоидат мекунад.
Истилох,оти иктибосй ва тарчумах,ои иктибосй,ки дар хдмин рисола тахдик шудаанд,аз тамосх,ои забониву фархангй ва илмии миёни форсизабонон, арабхову юнониён, хдндувон ва мардумони дигар шаходат медиханд.
Хдмчунин хулосахри ин тахкикотро метавон барои омузиши масоили назарй ва корбурди истилохрт,вежагихои услуби илмйдаърихи ташаккули услуби илмии забони форсии точикйдаъйин кардани меъёрх,ои истилох,,рох,х.ои истилох,созй,муайян кардани дарачаи корбурд ва вежагих,ои истилох.оти иктибосй,тамосх,ои давраи аввали инкишофи забони форсии точикй,этимологияи бархе аз истилох,оти форсиаслу иктибоси ва гайра истифода намуд.Баъзе кисматхои рисола барои тахдяи фархднгх,ои решашиносй ва чандзабониву истилох,ии форсй-точ,икй,китобх,ои дарсии манотиби тах,силоти х.амагонй ва олй,таълифоти илмии пажух,ишгоадои АУ Тоникистон ва тартиб додани лугатх,ои тиббй,фармасевтй ва гайра мавриди бах,рабардорй кдрор гирифта метавонанд.
Навгонии ин тахкикот.пеш аз хдма,дар он зох,ир мегардад,ки бори нахуст дар забоншиносии точик масоили услуби илмй,ба вежа забони нигоришоти осори тиббй дар давраи огози инкишофи забони меъёрии точикй ба миён гузошта,заминах,ои ташаккули истилох,оти тиббии забони точикй ва шеваву колабх,ои асосии истилох,созиву истилох,нигорй дар ин забон дар мисоли "Хдцоятулмутааллимин"-и Ахвайнии Бухорой мавриди пажух,иш кдрор дода шудааст.
Дарачаи омузиши мавзуъ.Мавзуи истилох ва истилохшиносй яке аз масъалахои махимми забоншиносй буда.ба xvcvc баъди авчи инкилоби илмй-техникй таваччухи донишмандонро бештар чалб
10
кардааст.Забоншиносони маъруф аз зумраи Гринаф(177). Киттрич (189).Ж.Вандриес(177).В.В. Виноградов(43). Винокур Г.О.(46).Головин Б.Н.(55).Даниленко В.П. (60). Н.П.Кузмин (97), Л.Л.Кутина(98). Д.С. Лотте(112). А.А.Потебня(154). А.А.Реформатский(159). А.Д.Хаютин (189) ва дигарон мавзуи мазкурро мавриди тахкику тахлил карор дода.оид ба назарияи истилох ва истилохшиносй ба хайси як бахши махсуси илми забоншиносй акоиди чолибу чозиб пешниход кардаанд Дар доираи забоншиносии точик низ перомуни ин масъала Косимова М.Н.(101:102).БердиеваТ.(27:29).Шукуров М.(202) изхори назар намудаанд.
Хамчунин дар рисолахои номзадии Абдуллоев А.(2) "Истилохоти астрономй ва космонимияи забони точикй". Байзоев А.(16) "Истилохот ва вижагихои услубии "Донишнома"-и ибни Сино". Бекмуродов М.(25) "Истилохоти сохаи бинокории забони точикй дар мукоиса бо забони англисй".Истамова М.(79) "Лексикаи саноати дузандагй ва бофандагии шеваи Самарканд". Мухаммадиева Х.(125) "Истилохоти касбиву сохавии каннодй дар забони точикй". Нуров П.Г.(146) "Истикрор ва инкишофи истилохоти Физикии забони точикй".Султонов М.П76) "Истилохоти илмии "Аттафхим"-и Абурайхони Берунй". Турахасанов КЛБО) "Истилохоти пешобшиносй дар забони форсй-точикй" ахли тадкик пахлухои гуногуни истилохоту вожахои сохавй дидаи тахкик духта.хар кадом пажухишхои арзишмандеро бар пояи зарофияту хаммияти худ руи кор овардаанд. Ногуфта намонад.ки дар бахши истилохоти илмии давраи аввали инкишофи забони точикй Сулаймонов С. (175) истилохоти илмии осори Абуалй ибни Синоро мавзуи рисолаи доктории худ карор дода.бори аввал дар забоншиносии точик оид ба ташаккули услуби илмии забони меъёрии форсии точикй тахкикоти мукаммал ва арзишмандеро анчом додааст.Вокеан.мавкеи
11
Ахвайнии Бухорои ва асари у "Хидоятулмутааллимин" дар тахаввул ва ташаккули ин ришта махсус буда.ба хайси поягузори истилохоти илмии забони точикй эътироф шудааст Мутаассифона.,чанбаю пахлухои услуби нигориш ва истилохсозиву истилогузинии ин асар ва накши он дар ташаккули системаи терминологияи тиббии забони форсии точикй то хануз мавриди тахкики амику густурдаи донишмандон карор нагирифтааст.Дар доираи забоншиносии Эрон зимни тахкики масоили вобаста ба таърихи забон ва осори илмии форси перомуни нигоштаи Ахвайнии Бухорой пажухандагоне чун Ч.Матинй(212\ А.Кофй(2421 А.Деххудо (229:230\З.Сафо (233\Ч.Хумой (228\ М.Муйин (209\ М. Минавй (2491 П.Н.Хонларй (223:224") танхо маълумоти умумй ва ишорахое пеш ниходаанд.
Ч,ои зикр аст,ки дар забоншиносии точик руйи ин мавзуъ аслан тахкикоте дар шакли мукаммал то имруз падид наомадааст.
Сохтори рисола. Рисола аз мукдддима, се боб, хул оса, замима, фехристи адабиёт иборат аст.
Мухтавои рисола. Дар мукдддима оид ба зарурати интихоби мавзуъ, манбаъ, максад ва вазифа, равиш, мухиммият ва навгонй, ахамияти назариву амалии тахкдк, ва дарачаи омузиши мавзуъ сухан меравад.
Боби аввали рисола "Хдцоятулмутааллимин" маъхази истилохоти илмии забони точикй" унвон гирифта, аз чор фасл иборат мебошад.
Фасли аввали боби мазкур "Назарияи истилох ва номвожа" ном дошта, дар ин чо фишурдаи назарияхои дар хусуси истилох ва номвожа баён намудаи мухакдик,они ватаниву хоричй оварда шуда,дар хамин замина таърифи истилох дода шудааст.
Фасли дуввуми ин боб "Кдцимтарин осори илмии форсй-точикй", дар хусуси сабку услуби баён, ахамияти илмй, монандиву тафовути
12
услубии кддимтарин нигоришоти илмии тоники, истифодаву корбасти ИСТИЛОХ.ОТИ чудогонаи муштарак дар ин осор ва f. бо мисолхсж мушаххас тахдикот сурат гирифтааст.
Дар фасли савуми ин боб, ки "Накши "Х,идоятулмутааллимин" дар ташаккули системаи истилох,оти илмии забони точикй" ном гирифтааст, оид ба мухтавои китоб, рох.х,ои фарохдмой, калимасозиву истилох,нигорй ва ибораороиву дигар хусусиёти вожахрву истилох,оти ин асар бахс мекунад.
Фасли чоруми боби мазкур тахдики проблемаи усулу шевахои асосии истилохсозиву истилохдигории асарро фаро гирифта, бо истифода аз далелх,ои мушаххас шеваву усулх,ои асосии истилох,созии забони точикй дар мисоли асари Ахвайнии Бухорой нишон дода шудааст.
Боби дуюми рисола - "Истилох,оти форсиасли тиббии "Хдцоятулмутааллимин" - истилох,оти мазкурро аз лих,ози маъно ва фарогирии бихшхри тиббй мавриди тадкик.от кдрор дода, шомили се фасл аст:
Фасли якуми ин боб "Истилох,оти анатомии асар", фасли дуюм "Истилох,оти дорушиносии асар" ва фасли сеюм "Истилох,оти ифодакунандаи номи амроз х,олатх,ои табий ва нотабии андом" унвон гирифта, хдр кадом истилох,оти марбутаро аз чихати сохтору маъно, дарачаи истеъмол ва f. таъйину тавзех, мекунанд.
Боби____сеюм "Истилох,оти тиббии иктибосии
"Х,идоятулмутааллимин" ном дошта, масоили иктибос ва тарчумаи иктибосии истилох,отро мавриди тах,кдк, карор медихдд. Ин боб чор фаслро дар бар гирифтааст.
Дар фасли аввали ин боб мафхуми иктибос ва истилох,и икд-ибосй тахкик шуда, ду навъи иктибос ё иктибоси истилохот, яъне ик,тибоси
13
дохилизабони ва хоричизабони таъкид шудааст. Х,амчунин, мафхуми гартабардорй (калка) ва накдга он дар услуби илмй ва тавлиди истилохоти нав зикр шудааст.
Мавзуъхои бобхои дигари ин боб мутаносибан истилохоти арабй, юнонй ва хиндии асарро баррасй мекунанд ва фарохамоии онхоро дар китоб бо мисолхои мушаххас равшан месозанд. Илова бар ин, истилохоти иктибосй аз чихати маъно ба истилохоти анатомй, дорушиносй ва номи амроз гурухбандй ва баъзе вежагихову махсусият, роххои воридшавии онхо ба забони форсй-точикй, инчунин тавзеху ташрех ва этимологияи бархе аз ин истилохот дар ин фаслхо баён шудааст.
Дар хулосаи рисола натичагирихои тахкдк, ба таври мушаххас зикр ёфтааст.Дар замима тамоми (1235) истилохоти китоби "Хдцоятулмутааллимин" гирдоварй ва аз чихати маъно тасниф шудаанд.
Лозим ба ёдоварист, ки ба маъхазхои илмй ва осоре, ки дар таълифи рисола мавриди бахрабардорй карор гирифтаанд, пас аз овардани шохид дар кдвсайн ишора кардем. Шумораи аввали дохили кавсайн ба раками тартиби асар иртибот гирифта, шумораи дуюм, ки пас аз аломати нукта омадааст, сахдфаи дахлдорро нишон медихад. Аммо вожагону истилохот ва матолиби "Хдцоятулмутааллимин" дар бештари мавридхо дар кавсайн танхо ба сахифаи марбути хамин вожахову истилохот ва матолиб ишора гардидааст. Шуморахое, ки дар кавсайн бо аломати нуктавергул аз хам чудо гардидаанд, истифодаи хамзамони чанд маъхазро нишон медиханд.
14
БОБИ 1. "ХВДОЯТУЛМУТААЛЛИМИН ФИТ ТИБ"-И
АХВАЙНИИ БУХОРОЙ МАЪХАЗИ ИСТИЛОХОТИ
ИЛМИИ ЗАБОНИ ТОНИКИ
Матолиби мукаддимотй
Кдцимтарин осори илмии точикй, ки аз оташи бунёдсузи хаводиси рузгор эмин монда ва то замони мо расидаанд, такрибан дар садаи чахоруми хичрй (асри IX-X мелодй) таълиф шудаанд. Аз мутолиаи осори мазкур бармеояд, ки пеш аз ин таърих китобхои илмие ба ин забон таълифу тадвин ва тарчума шудаанд, аммо, мутаассифона аз онхо то замони мо нишоне боки намондааст. Чунончи, муаллифи "Худудулолам" аснои тавсифи баъзе масоили чугрофй аз мавчудияти "кутуби ахбор" дар ин замина ёд мекунад (222.17). Ахвайнии Бухорой низ дар асараш "Хддоятулмутааллимин" акриди бузургони илми тиб, чун Букроту Чрлинус, Хднин бинни Исхок, Собит бинни Кара Яхё бинни Мосавия, Закариёи Розй ва чанд тани дигарро ёд карда мефармояд, ки "фалон чунин мегуяд" (212.275, 331, 702, 751). Абурайхони Берунй аз китобхои форсии илми нучум ва аз рисолаи форси перомуни сангхои киматбахову ансоми маъданй, ки таълифи Наср ибни Яъкуби Динаварии Котиб аст, ёдовар шудааст (217.222, 336). Дар замина, хдк, ба чониби донишманди эронй Такии Бахор аст, ки мефармояд: "Аз осори бокдмондаи ин ахд (ахди Сомониён - А.Ю.) бармеояд, ки насри дари дорой собикди тулонй буда ва нависандагони ин ахд дунболаи сабки кадимтареро, ки чанд карн муддати он будааст, гирифта ... насри Муъаммарй ва Балъамй ва Абумуаяд насре нест, ки битавон онро муваллиди як кдрн донист" (215.11).
Услуби нигориши кддимтарин осори илмии точикй аз кдбили "Шуморнома"-и Мухаммад Аюби Табарй, "Х.удудулолам минал
15
машрик, илалмагриб"-и муаллифаш номаълум, "Китобулабния ан хак,оикуладвия"-и Абумансур Муваффакд Х,иравй,
"Хдцоятулмутааллимин фит тиб"-и Ахвайнии Бухорой, "Аттанвир"-и Абумансур Хдсан бинни Нух, ал К^амарй, "Донишнома"-и Хдким Майсарй, "Донишномаи Алой"-и Абуалй ибни Сино, "Китобуттафхим"-и Абурайхрни Берунй, ки то замони мо расидаанд, ба андозае шабехи хамдигаранд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки осори мазкур огози ташааккул ва тахаввули услуби илмии забони форсии дари ва бунёди микролингвистикаи илмии он шинохта шудаанд, хусусан дар шароити кунунй бо дар назардошти авзои сиёсиву фархднгии чомеа бидуни омузиши амику пажухиши дакдк,, ва бахрабардории огохона аз онхо танзиму эхёи системаи истилохоти илмй ва истикрору нерумандии забони илмии форсии точикй ба назар номумкин мерасад.
I.I. Назарияи истилох ва номвожа
Калима овоз ё мачмуи овозхои муайянест, ки барои ифодаи маънохои лексики, морфологи ё синтаксисй истифода мегардад (188. 98), вай вохиди асосй, мураккаб ва бисёрчабхди забон буда, вазифаи номгузорй ва ё номинативиро анчом медихдд. « Он дар забон ду мехвари истеъмол дорад: дар алохддагй, яъне шакле, ки дар фархангхо оварда мешавад (мех,вари ч,онишинй ё шакли лугат) ва дар алокдмандй бо калимах,ои дигар бо чараёни нутк,, (мех.вари хдмнишинй ё шакли грамматики» (185,135).
Калима тавассути овозх,о, дакдк,тар бигуем, аз кучактарин вохиди маъночудокунанда, яъне фонема шакл мегирад (188, 35). Калима аз нигохи овозшиносй вохиди овозии мураккабест, ки аз як ё якчанд хичо таркиб ёфтааст.
16
Забоншиноси амрикои Л. Блумфилд (L. Bloomfield) вожаро аз НИГОХ.И илмй калимае медонад, ки аз ду тарафаш фосила дорад. Калима сурати озодест, ки шомили ду ё чанд сурати баста ба назар мерасад, ё ба иборати дигар кучактарин шаклест, ки ба танхой метавонад корбаст шавад. Бехтарин намунаи вожа, ба акдцаи у, вожаи навишторй (имлой) мебошад, зеро дар хар ду тарафи он фосила риоя мешавад (153, 508).
Ба акидаи забоншиноси дигари амрикой Б. Блоч (В. Bloch) ва Г. Трагер (G. Trager) калима шакли озодест, ки комилан наметавонад ба шакли озоди хурдтаре чудо гардад (153, 67).
Хдрчанд «вожа» ва «калима» дар аксари маврид муродифи хдмдигаранд, бархе аз забоншиносон дар корбурди тахассусй байни «вожа» ва «калима» шартан тафовут гузоштаанд. Ба назари онхо «вожа» маънои махдудтаре аз «вожа», ки дар илмй забоншиноси дорад, пайдо мекунад. «Вожа» калима ё таркибе аз калимот аст, ки маънии дакик, дорад, дар риштахои илм, фан, хунар, хирфахо ва ба таври куллй чун мабхасе хос барои ифодаи мафхуми хосе ба кор меравад (231,52). Ба иборати дигар, вожа вокеъияти ому мучаррад буда, хамчун иллати хамин вокеъият ба шумор меояд, ки дар фархднгхо ба сурати мадхали мустакдл оварда мешавад ва онро як вохдди вожагонй хдсоб мекунанд. Аз тарафи дигар, калима вокеъиятест айнитар ва мучаррадтар, ки бар хасби зарурат наметавонад мак,оми мадхали мустакдлеро дар фархангхо эхроз кунад. Ба баёни дигар, дар чахорчуби фархангхо хар вожае мадхали мустакдл аст, вале хар калимае заруратан мадхали мустакил нест. Яъне, хар вожае калима аст, аммо хар калима вожа нест (232, 509). Тавре, ки аз мушохддахо бармеояд, забоншиносони мазкур ба ивази калимаи «истилох» калимаи «вожа»-ро пешних,од кардаанд.
Забоншиноси маъруф А. А Потебня таъкид мекунад, ки дар маънои калима ду унсур махфуз аст, яке маънои «наздиктарин», яъне
17
чунин мухтавои маънои, ки тавассути унсурх,ои худи калима ва дуюм маънои «дур», ки баъди тахдсики нисбатан муфассали мафхуми ишоратшуда, хднгоми дар хусуси он фикр кардан зохир мегардад ва ин маънй дар унсурх,ои ишораткунандаи калима инъикос наёфтааст (153,
19).
Истилох, хдмчун калима унсуре аз аносири системаи забон буда, ягон ч.ихдти забонй барои он бегона нест. Чунончи, истилох аз синонимшавию антонимшавй ва хавоси сермаъношавй бархурдоранд, вале ин мушахассот зимнан ба шаклу шеваи хос падид меоянд. Гуфтан бамаврид аст, ки истилох,от дар арсаи муайяни фаъолияти инсон -илм, техника, санъат ва гайрах.0 амал карда, ашёи моддиву маънавии марбути ин доираро дар шакли дакику муъчдз ифода мекунанд. Ба ин далел истилох, метавонад дар матн гох,о маънии истилохди худро аз даст бидихдд ва ба сифати калимаи маъмулии забон истифода гардад, ё баръакс, калимаи маъмулии забон вазифаи истилохро адо кунад.
Масъалаи истилоху истилохшиносй дар назарияи забоншиносй мавриди тахдик, кдрор гирифта, аз масоили мух,имтарин ба шумор меравад. Мач.муи ковишх,ову пажух,ишх,ое, ки ба таъйину тахдики «истилох,», рушду нумуи он алокаманд аст, илми забоншиносиро на танх.0 ба сох,ах,ои гуногуни донишх,ои илмй, балки ба сох,ах,ои мухталифи амалияи истехролот ва мех,нати касбй, таърихи моддиву мадании башарият мепайвандад. «Истилох,от,- менависад Л. В. Булаховский,- кдбати махсуси гуногунтаркиби системаи лексикии забон буда, ба хусусиятх,ои хоси семантики ва гох,о таркибй низ моликанд» (37, 25).
Агар чанбаи фалсафии мафхуми истилохро мавриди арзёбй кдрор дих,ем, ба ин натичд мерасем, ки мафхуми истилох ду вежагии хос дорад. Якум, асоси таъйину ифодаи фалсафии мафх,уми истилохро
Тип работы: Диссертация
Год: 2004
Страниц: 213



Подобные работы:

  • Народные медицинские знания сибирский татар Омского Прииртышья
  • Медицинские работники со средне—специальным образованием как социально-профессиональная группа Города Набережные Челны Формы самообразования % опрошенных Проведение санпросвет работы 72 Просмотр медицинских передач по телевизору 55 Посещение и участие в конференциях, семинарах 50 Чтение периодической литературы 36 Работа с учебниками и монографиями 10 Нет времени на самостоятельное повышение квалификации 18 Не хочу самостоятельно дополнительно повышать свою квалификацию 3 Не повышаю по другим причинам 6 Такие методы, как чтение специальной литературы и работа с учебниками и монографиями применяется реже-36% и 10% соответственно.
  • Термины родства и свойства в енисейских языках
  • Термины лингводидактики во французском и русском языках Дистанционное образование; аутентичные материал; образовательные стандарты, программы образовательные, программы учебные, учебный план, учебно-тематический план. § 1 Didactique des langues\ лингводидактика, методика обучения иностранным языкам 1.1 Французский термин 1.
  • Термины разведочной геофизики в английском и русском языках
  • Оценочные понятия и термины в уголовно-процессуальном законодательстве 1. Правильного применения специальных терминов, примером которых могут служить "обоснованное подозрение" при аресте, "реальная перспектива обвинения" при возбуждении уголовного преследования, "доказательства без всякого сомнения" при вынесении обвинительного приговора.
  • Новые русские экономические термины в системно-контрастивном рассмотрении
  • Консубстанциональные термины в лингвистической терминологии английского и русского языков 151 величин, а также для решения определенных задач), лингвистика: «rule» a principle regulating or determining the form or position of words in a sentence (принцип, регулирующий или определяющий форму или место слов в предложении)).Таким образом, лексема «rule» представлена своими значениями в различных отраслях знания шире (4 определения), чем ее русский эквивалент, термин «порядок» (3 определения); определения обоих эквивалентов совпадают в математике и лингвистике.
  • ТЕРМИНЫ ПРОСТРАНСТВЕННОЙ ОРИЕНТАЦИИ В ДРЕВНЕАНГЛИЙСКОМ ЯЗЫКЕ (этимологический анализ на индоевропейском фоне)
  • ТЕРМИНЫ ПРОСТРАНСТВЕННОЙ ОРИЕНТАЦИИ В ДРЕВНЕАНГЛИЙСКОМ ЯЗЫКЕ (этимологический анализ на индоевропейском фоне)
    © 2006-11г. Планета диссертаций.